Оғози таъмири пули калони шаҳри Хуҷанд - акс

В Худжанде начался ремонт главного моста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
Таъмири пули мошингузари асосии шаҳри Хуҷанд оғоз ёфта, бар асоси дастури роҳбарияти вилояти Суғд интизор меравад, ки давоми ҳафта анҷом ёбад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Ҳукумати Суғд аз сокинону меҳмонони Хуҷанд хоҳиш кардааст, ки то анҷоми таъмири пули асосии мошингузари шаҳр аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, таъмири пули асосии мошингузар, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, ду соҳили Сирдарёро ба ҳам мепайвандад, 25 октябр оғоз ёфт.
"Пули мошингузар, ки беш аз 250 метр дарозӣ ва 11,6 метр паҳноӣ дорад, 60 сол инҷониб мавриди истифода қарор дошта, ба таъмир ниёз дошт", - омадааст дар иттилоия.
Зикр шудаст, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дастур додааст, давоми ҳафта корҳои таъмиру тармими пул анҷом дода шаванд.
"Дар назар аст, ки қубурҳои обгузар таҷдид ва худи пул мумфарш карда шавад. Фармоишгари корҳои таъмирӣ Идораи сохтмони асосии вилоят мебошад", - омадааст дар иттилоия.
В Худжанде начался ремонт главного моста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
В Худжанде начался ремонт главного моста
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Суғд мегӯяд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 1991 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 267 км таъмири асосӣ ва 916 км таъмири ҷорӣ мебошад. Инчунин 807 км шағалпӯш шудаанд. Таъкид шудаст, ки барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 169 млн сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Зикр гардид, ки аз ҳисоби буҷети вилоят 50,6 млн сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 44 км роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0