Таслияти Раҳмон ба Раисӣ ва таъкидаш ба муборизаи якҷоя бо террористҳо

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паём ба ҳамтои эронияш хостори муборизаи муштараки беамон бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи террористии маргбор дар ҳарами Шоҳчароғ дар Шерозро маҳкум кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ин нукта дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронияш Сайид Иброҳим Раисӣ таъкид гардидаст.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Эрон ва наздикони фавтидагон ҳамдардияшро баён доштааст.
"Дар иртибот ба ҳамлаи золимона ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар Шероз, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо ва аҳли наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи худро иброз намуда, сабри ҷамил мехоҳам", - гуфт ӯ.
Ситуация в мавзолее Шах-Черах в иранском городе Шираз после атаки  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Террори даҳшатбор дар макони муқаддас: аксҳои пас аз ҳамла ба оромгоҳ дар Эрон
Президенти Тоҷикистон бо маҳкум кардани ин амалӣ террорисӣ зарурати тақвияти пайвастаи муборизаи муштараки беамонро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ таъкид намудаст.
"Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", - таъкид кардаст ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамла Шоҳчароғ ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Аҳмад ибни Мусо(а) дар шаҳри Шерози устони Форс зуҳри 27 октябр рух дод. Ба иттилои расонаҳои эронӣ, бар асари оташкушоии узви "ДОИШ"* дар ин ҳарам 15 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0