https://sputnik.tj/20221028/moshin-borkash-masul-tanzim-naqliyot-jabrdida-1052490320.html
Мошини боркаш дар ноҳияи Рӯдакӣ масъули танзими нақлиётро зер кард
Мошини боркаш дар ноҳияи Рӯдакӣ масъули танзими нақлиётро зер кард
Sputnik Тоҷикистон
Корманди Хадамоти давлатии назорат ва танзими нақлиёти минтақаи Ҳисорро дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ намудаанд. Ӯ аз як пояш маҳрум шуд
2022-10-28T15:10+0500
2022-10-28T15:10+0500
2022-10-28T15:10+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
ҳодиса
танзим
садама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102627/10/1026271063_0:129:3185:1920_1920x0_80_0_0_a7cf3c641220fb00f4a5be06b2a5bfd2.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон вазъи саломатии корманди Хадамоти давлатии назорату танзим дар соҳаи нақлиётро, ки зери чархи мошини боркаш монд, шарҳ дод. Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса дар нуқтаи вазнченкунӣ дар мавзеи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Тавзеҳ дода шудааст, ки ронандаи мошини боркаш, сокини ноҳияи Ёвон ба талаботи корманди Хадамоти давлатии назорату танзим дар соҳаи нақлиёт дар нуқтаи вазнченкинӣ дар мавзеи Султонобод итоат накарда, ӯро зер намудаст. Ронанда, ки аз самти ноҳияи Рӯдакӣ сӯи Ёвон ҳаракат доштаст, танҳо дар масофаи 15-20 метр аз макони зер кардани масъули соҳаи нақлиёт истодаст. Таъкид шудааст, ки ҳамкорон фавран ҷабрдидаро ба беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ оварда, пас аз расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, ӯ ба беморхонаи Шаҳраки тиббӣ - "Медгородок"-и Душанбе интиқол дода шудаст. Муоинаи тиббӣ мушаххас кардааст, ки ягона роҳи наҷот ҷарроҳӣ буда, як пои ҷабрдида бурида шуда, устухони пои дигараш низ кафидааст. Дар итилоия омадааст, ки вазъи саломатии бемор вазнин аст.Дар мавриди ронанда зикр шудааст, ки чораандешӣ нисбати ӯ идома дошта, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20221026/shahrdori-vurudi-musofirbaron-az-bokhtar-ba-dushanbero-man-kard-1052444455.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102627/10/1026271063_226:0:2957:2048_1920x0_80_0_0_40a67dbd8757d89281f8ea5a81353e17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, ҳолат, мақомдор, маҷруҳ
шарҳ, ҳолат, мақомдор, маҷруҳ
Мошини боркаш дар ноҳияи Рӯдакӣ масъули танзими нақлиётро зер кард
Корманди Хадамоти давлатии назорат ва танзими нақлиёти минтақаи Ҳисорро дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ намудаанд. Ӯ аз як пояш маҳрум шуд
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон вазъи саломатии корманди Хадамоти давлатии назорату танзим дар соҳаи нақлиётро, ки зери чархи мошини боркаш монд, шарҳ дод.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса дар нуқтаи вазнченкунӣ дар мавзеи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод.
Тавзеҳ дода шудааст, ки ронандаи мошини боркаш, сокини ноҳияи Ёвон ба талаботи корманди Хадамоти давлатии назорату танзим дар соҳаи нақлиёт дар нуқтаи вазнченкинӣ дар мавзеи Султонобод итоат накарда, ӯро зер намудаст.
Ронанда, ки аз самти ноҳияи Рӯдакӣ сӯи Ёвон ҳаракат доштаст, танҳо дар масофаи 15-20 метр аз макони зер кардани масъули соҳаи нақлиёт истодаст.
Таъкид шудааст, ки ҳамкорон фавран ҷабрдидаро ба беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ оварда, пас аз расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, ӯ ба беморхонаи Шаҳраки тиббӣ - "Медгородок"-и Душанбе интиқол дода шудаст.
Муоинаи тиббӣ мушаххас кардааст, ки ягона роҳи наҷот ҷарроҳӣ буда, як пои ҷабрдида бурида шуда, устухони пои дигараш низ кафидааст. Дар итилоия омадааст, ки вазъи саломатии бемор вазнин аст.
Дар мавриди ронанда зикр шудааст, ки чораандешӣ нисбати ӯ идома дошта, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.