Машҳуртарин мамнӯъгоҳҳои Тоҷикистон: рӯйхат

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон 18 минтақаи муҳофизатшаванда мавҷуданд, ки дар он онҳо ҳайвону паррандаҳои нодир ва пурқимат парваришу ҳифз мешаванд
Минтақаҳои муҳофизатшаванда зиёда аз 20% тамоми Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҷумҳурӣ як боғи миллӣ, чор мамнуъгоҳ ва 13 парваришгоҳ мавҷуд аст.
Минтақаҳои васеътарини муҳофизатшаванда дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷойгиранд. Инҳо Боғи миллии Тоҷикистон бо масоҳати 2,6 миллион гектар ва мамнуъгоҳи "Зоркӯл" (87,8 ҳазор гектар) мебошанд.
Аз бузи алпӣ то "бизони амрикоӣ": Раҳмон дар Ҳисор мамнуъгоҳи ҳайвоноти нодир кушод - акс
Ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ду минтақаи муҳофизатшаванда дохил мешавад. Калонтарини онҳо мамнуъгоҳи "Рамит" бо масоҳати 16,1 ҳазор гектар мебошад. Аммо Боғи таърихию табиии "Ширкент" хеле хурдтар аст.Майдони он 3 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон ду мамнуъгоҳ ҷойгир аст. Инҳо "Бешаи палангон" (49,7 ҳазор гектар) ва "Дашти Ҷум" (19,7 ҳазор гектар) мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0