https://sputnik.tj/20221027/roh-dushanbe-khorugh-boz-1052451826.html
Роҳи Душанбе - Хоруғ боз шуд: бартарафсозии паёмади сангрезӣ идома дорад
Роҳи Душанбе - Хоруғ боз шуд: бартарафсозии паёмади сангрезӣ идома дорад
Sputnik Тоҷикистон
Фаромадани селу ярч ва сангреза роҳи байналмилалиии Душанбе-Хоруғро муваққатан баст, вале пас аз чанде роҳ тоза крада шуда ҳаракати нақлиёт имконпазир шуд
2022-10-27T11:02+0500
2022-10-27T11:02+0500
2022-10-27T11:04+0500
сел
кҳф
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102436/43/1024364324_0:24:1280:744_1920x0_80_0_0_38928c3aef768b64acf049efb30030d6.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Роҳи Душанбе-Хоруғ дубора барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт боз шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.Вале, ба гузориши манбаъ, корҳои бартарафсозӣ дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ то ҳол идома дорад.Ёдрас мешавем, ки дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ сангреза ва дар километри 234-237-уми роҳи мазкур ярч боиси баста шудани роҳ гардид.Ҳамчунин, тибқи гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар натиҷаи бориши шадиди борон сел омада 5 адад симчуби қувваи барқро чаппа кардааст.Ин дар ҳолест, ки ҳавошиносии кишвар барои рӯзҳои 26-27-уми октябр рӯзҳои борониро пешбинӣ карда буд. Дар ҳамин иртибот КҲФ, аз аҳолӣ даъват кард, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, дорувор худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20221026/sel-roh-baynalmillali-tojikobod-bast-harakat-naqliyot-tamin-1052436768.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102436/43/1024364324_128:0:1152:768_1920x0_80_0_0_7dc1b5c907cf87c359fdc97125735681.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сел, ярч, роҳ, баста шудан, кҳф
сел, ярч, роҳ, баста шудан, кҳф
Роҳи Душанбе - Хоруғ боз шуд: бартарафсозии паёмади сангрезӣ идома дорад
11:02 27.10.2022 (Навсозишуда: 11:04 27.10.2022) Фаромадани селу ярч ва сангреза роҳи байналмилалиии Душанбе-Хоруғро муваққатан баст, вале пас аз чанде роҳ тоза карда шуда ҳаракати нақлиёт имконпазир шуд
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Роҳи Душанбе-Хоруғ дубора барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт боз шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Вале, ба гузориши манбаъ, корҳои бартарафсозӣ дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ то ҳол идома дорад.
"Ҳоло роҳ боз аст. Аммо корҳои бартарафсозии пурраи паёмадҳои ин офати табиӣ бо истифода аз техникаи муҳандисии хадамоти роҳи минтақа идома доранд", - омадааст дар хабарномаи КҲФ.
Ёдрас мешавем, ки дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ сангреза ва дар километри 234-237-уми роҳи мазкур ярч боиси баста шудани роҳ гардид.
Ҳамчунин, тибқи гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар натиҷаи бориши шадиди борон сел омада 5 адад симчуби қувваи барқро чаппа кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳавошиносии кишвар барои рӯзҳои 26-27-уми октябр рӯзҳои борониро пешбинӣ карда буд.
Дар ҳамин иртибот КҲФ, аз аҳолӣ даъват кард, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, дорувор худдорӣ намоянд.