Сел роҳи байналмиллалӣ дар Тоҷикободро баст, вале ҳаракати нақлиёт таъмин аст

CC0 / Natalia Kollegova / Сход селей
Сход селей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
КҲФ аз хисороти боронгариҳо дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат хабар дода, афзуд, ки роҳи асосии Тоҷикобод баста аст, вале дар шафати он масири муваққатӣ кушода шуд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар километри 202-юми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш-Саритош бар асари боронгариҳои ахир сел омадаст, ки дар натиҷа ин масирро барои ҳаракати нақлиёт баст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода, афзудааст, ки феълан роҳи асосӣ баста аст, вале дар шафати он як роҳи эҳтиётӣ кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин аст.
Зимнан, барои рафъи оқибатҳои сел ҳоло аз ҷониби хадамоти роҳдории минтақа ба ҷои ҳодиса техникаи муҳандисӣ сафарбар шудааст.
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2022
Ҳушдор аз сел: дар кадом ноҳияҳо хатар бузургтар аст
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагоне, ки мошинҳояшон шишаи сиёҳ дорад, даъват намудааст, ки шабона ҳаракати худро маҳдуд кунанд.
Ҳамзамон, дархост намуданд, ки ронандагон ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд ва бахусус ба меъёри суръат диққати бештар диҳанд.
Қаблан ин ниҳод бо такя ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор дода буд, ки то 27 октябр ба истиснои ВМКБ дар дигар минтақаҳо боронгариҳои шадид, резиши барфи тар, фаромадани сел ва ҳамзамон сангрезӣ сурат хоҳад гирифт.
Лентаи хабарҳо
0