Дар Бадахшон 100 - солагии падари Далер Назаров таҷлил мешавад

© Foto / Facebook / Daler Nazarov studioДалер Назаров, архивное фото
Далер Назаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2022
Обуна шудан
Ба мақсади таҷлили ин санаи муҳим, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳунармандони машҳуру шинохтаи кишвар аз шаҳри Душанбе омадаанд
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100 - солагии чеҳраи шинохтаи фарҳанги Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, профессор, ходими давлатӣ, коргардон, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, падари маэстро Далер Назаров - Меҳрубон Назаров таҷлил мешавад.
Барномаи фарҳангӣ бахшида ба 100 - солагии Меҳрубон Назаров бо ибтикори Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо мақомоти ВМКБ рӯзи 27 октябр баргузор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси ВМКБ.
Ба мақсади таҷлил ин санаи муҳим, ба шаҳри Хоруғ ҳунармандони машҳуру шинохтаи кишвар, аз ҷумла Далер Назаров, Ортиқи Қодир, Шоҳназар Некқадамов, Тиллои Некқадам ва ғайраҳо аз шаҳри Душанбе омадаанд.
Бо меҳмонон раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дидору мулоқот карда, аз дастовардҳои соҳаи фарҳанг, дилбастагии мардуми Бадахшон ба фарҳангу санъат ёдоварӣ намудааст.
"Воқеан Бадахшон дорои фарҳангу таърихи куҳан мебошад, ки онро фарзандони фарзонаи ин диёр, аз қабили устод Меҳрубон Назаров ва дигарон ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд", - гуфтааст Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ортиқи Қодир.
Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин, ба раиси вилоят китоби "Ёди ёри меҳрубон", ки дар он пйесаҳои Меҳрубон Назаров гирдоварӣ шудааст, тақдим гардидааст.

Шарҳи ҳоли Меҳрубон Назаров

Меҳрубон Назаров 1 майи соли 1922 дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст.
Хатмкардаи Донишкадаи театрии ба номи А.Островскиӣ шаҳри Ленинград ва мактаби олии партиявии назди КМ ВКП Маскав мебошад.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст.
Аввал мудири шуъбаи санъати Комиҷроияи ВМКБ ва аз соли 1947 мухбири махсуси рӯзномаи "Тоҷикистони сурх" дар вилоят будааст.
Солҳои 1954-1956 ба ҳайси сардори Сарраёсати санъати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон,
1956-1964 ҷонишини якуми вазири маданияти ҶШС Тоҷикистон,
1964-1965 муовини раиси Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ,
1965-1966 раиси Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба киноматография,
1966-1979 вазири фарҳанги ҶШС Тоҷикистон,
1979-1988 ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва то даргузашташ ба ҳайси профессори кафедра фаъолият кардааст.
Меҳрубон Назаров падари ҳунарманди номдори Тоҷикистон Далер Назаров мебошад.
Ӯ 7 марти соли 1993 даргузашт ва дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0