https://sputnik.tj/20221027/afzoish-istehsol-sement-sughd-1052449779.html
Афзоиши истеҳсоли семент дар вилояти Суғд
Афзоиши истеҳсоли семент дар вилояти Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Бино бар гузориши оморӣ, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ё аз моҳи январ то сентябри соли 2022 дар вилояти Суғд 1004,9 тонна семент истеҳсол шудааст
2022-10-27T12:49+0500
2022-10-27T12:49+0500
2022-10-27T12:49+0500
суғд
дар тоҷикистон
истеҳсол
семент
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102207/14/1022071409_0:189:3000:1877_1920x0_80_0_0_39cec8df6d8e6f30c5471f54456a7722.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Дар вилояти Суғд истеҳмоли семент афзоиш ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд. Ҳамин тавр, корхонаи ҶДММ "Хуаксин Ғаюр Суғдсемент" дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулотро ба 415,2 миллион сум расондааст.ҶДММ "Хуаксин Гаюр Семент", ки бузургтарин корхонаи истеҳсоли ин маводи сохтмонӣ маҳсуб мешавад, дар ин давра 933,5 ҳазор тонна семент истеҳсол кардааст. Барои муқоиса, соли 2016 - 429 ҳазор тонна семент ба маблағи 208,8 миллион сомонӣ истеҳсол шуда бошад, дар охири соли 2021 ҳаҷми истеҳсол ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна расид, ки аз ин ҳисоб 666,6 миллион сомонӣ ба даст оварда шудааст. Муассисаи мазкур на танҳо ба бозори дохилӣ, балки корхонаҳои сохтмонии кишварҳои хориҷӣ низ масолеҳи бинокориро таъмин менамояд, қайд кард роҳбарияти вилояти Суғд. Тибқи омор дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 дар вилоят 1004,9 тонна семент истеҳсол шудааст. Як қисми маҳсулоти истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя содир карда шуд. Дар муқоиса бо моҳҳои январ-сентябри соли 2021 содироти семент аз вилоят 19,5% ё 94 ҳазору 930,0 тонна зиёд шудааст. Се самти муҳими содиротии Тоҷикистон гуфта шудҚобили зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон 16 корхона семент истеҳсол мекунад. Иқтидори умумии солонаи онҳо 5,6 миллион тонна маҳсулот аст.
https://sputnik.tj/20220908/sozish-bunyod-korkhonai-semet-qubodiyon-imzo-1051239348.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102207/14/1022071409_255:0:2922:2000_1920x0_80_0_0_791100a7e1139c7803f454a2a2bcdf42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, семент, истеҳсол,
Афзоиши истеҳсоли семент дар вилояти Суғд
Бино бар гузориши оморӣ, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ё аз моҳи январ то сентябри соли 2022 дар вилояти Суғд 1004,9 тонна семент истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Дар вилояти Суғд истеҳмоли семент афзоиш ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Ҳамин тавр, корхонаи ҶДММ "Хуаксин Ғаюр Суғдсемент" дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулотро ба 415,2 миллион сум расондааст.
ҶДММ "Хуаксин Гаюр Семент", ки бузургтарин корхонаи истеҳсоли ин маводи сохтмонӣ маҳсуб мешавад, дар ин давра 933,5 ҳазор тонна семент истеҳсол кардааст.
Барои муқоиса, соли 2016 - 429 ҳазор тонна семент ба маблағи 208,8 миллион сомонӣ истеҳсол шуда бошад, дар охири соли 2021 ҳаҷми истеҳсол ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна расид, ки аз ин ҳисоб 666,6 миллион сомонӣ ба даст оварда шудааст.
Муассисаи мазкур на танҳо ба бозори дохилӣ, балки корхонаҳои сохтмонии кишварҳои хориҷӣ низ масолеҳи бинокориро таъмин менамояд, қайд кард роҳбарияти вилояти Суғд.
Тибқи омор дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 дар вилоят 1004,9 тонна семент истеҳсол шудааст.
Як қисми маҳсулоти истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя содир карда шуд.
Дар муқоиса бо моҳҳои январ-сентябри соли 2021 содироти семент аз вилоят 19,5% ё 94 ҳазору 930,0 тонна зиёд шудааст.
Қобили зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон 16 корхона семент истеҳсол мекунад. Иқтидори умумии солонаи онҳо 5,6 миллион тонна маҳсулот аст.