Баъди ҳимояи ҳукумат созиш барои бунёди бузургтарин корхонаи семент дар Қубодиён имзо шуд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкПроизводство цемента. Архивное фото
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2022
Обуна шудан
Ширкати таъсисдодаи муассисони "Ориёнбонк" имкон пайдо кард, то дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон корхонаи тавлиди сементро фаъол созад
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Ориён инвест" созишномаи сармоягузорӣ барои сохтмони корхонаи бузурги тавлиди семент дар ноҳияи Қубодиён ба имзо расид.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи сармоиягузории кишвар, Саъдӣ Қодирзода, раҳбари ин ниҳод зимни имзои созишнома гуфтаст, ки ин иқдом дар доираи тарҳи саноатикунонии кишвар сурат гирифта, бо ҳадафи баланд бардоштани иқтидори истеҳсоливу содиротии кишвар мувофиқ аст.
Бар асоси созиш корхонаи мазкур дар ду марҳила амалӣ шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол то 2 млн тонна сементи навъи ба сулфат тобовар ва сементи навъи М-400 мебошад.
Таъкид мешавад, ки корхонаи мазкур бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 160 млн. доллари амрикоӣ сохта хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки барои бунёди корхона таҷҳизоту дастгоҳҳои пешрафта ворид ва бо дарназардошти меъёрҳои муҳитзистӣ насб шуда, дар он 1300 ҷойи корӣ фароҳам хоҳад шуд.
Золотые слитки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Топ – 10 маҳсулоти содиротии Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ аз ин тарҳ ҷонибдорӣ карда буд.
Бар асоси иттилои расида, ширкати истеҳсолию инвеститсионии "Ориён инвест" соли 2015 бо қарори муассисони ҶСК "Ориёнбонк" таъсис ёфтааст. Фаъолияти асосии ширкат барои пешниҳоди хизматрасониҳои инвеститсионию истеҳсолӣ дар самти иқтисод равона карда шудааст, омадааст дар муаррифиномаи ширкат дар сомонааш.
Тоҷикистон таъминкунандаи асосии Ӯзбекистон бо семент шуд
Азми фаъолсозии корхонаи дигар дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхона ба тавлиди семент машғул мебошанд. Иқтидори солонаи онҳо дар маҷмуъ 5,6 миллион тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Истеҳсолкунандагони асосӣ ҶДММ "Ҷунтай Моҳир" ва ҶДММ "Хуаксин Ғаюр Семент" дар Ёвон, инчунин "Хуаксин Ғаюр (Суғд) Семент" мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли қаблӣ дар кишвар беш аз 4,2 млн тонна семент тавлид шуда буд. Тибқи омор, ҳамасола ҳудуди 1,5 млн тонна аз ҳаҷми умумии маҳсулот ба кишварҳои ҳамсоя содир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0