Володин: Украина қобилияти вуҷуд чун давлатро аз даст додаст

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонк Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
 Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатии Русия мавҷудияти Украина ҳамчун як давлатро зери шубҳа гузошта, пойбандии куллии онро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъкид намудаст
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Украина қобилияти мавҷудияташро ҳамчун давлат аз даст дод, изҳор дошт раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин.
Ин нуктаро Володин дар саҳифааш дар "Telegram" таъкид карда, афзуд, ки Украина "аз ҷониби НАТО ишғол шудааст" ва ба "мустамликаи ИМА" табдил ёфтааст.
"Дар бораи вазъ дар Украина. Истиқлолият комилан аз даст рафт. Украина аз ҷониби НАТО ишғол шудааст. Кишвар ба мустамликаи Иёлоти Муттаҳида табдил ёфтааст. Фармонҳо ба Киев аз Вашингтон дода мешаванд. Нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро Пентагон назорат мекунад", - навиштааст ӯ.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Франции Э. Макроном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2022
Макрон аз Амрико хост, барои ҳалли буҳрони Украина сари мизи музокирот нишинад
Раиси Думаи давлатӣ ҳамчунин дар бораи "фурӯпошии иқтисодӣ"-и Украина ҳарф зада, қайд кард, ки "низоми молӣ хароб шудааст" ва режими Киев мустақилона кафолатҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандонро таъмин карда наметавонад. Дар ин самт аз оҷиз будани Украина дар пардохти маош ва нафақа зикр гардидаст.
Ҳамчунин Володин аз қарзҳои Украина гуфтааст, ки ба иттилои ӯ беш аз 100 млрд долларро ташкил медиҳанд. Вай афзуд, ки фоизҳо аз рӯи ин қарзҳо рӯз ба рӯз афзоиш меёбанд.
"Украина қобилияти вуҷуд доштани давлатро аз даст дод", - хулоса кард ӯ.
Ин таъкидоти Володин дар ҳолеянд, ки кишварҳои ғарбӣ ба таври густарда аз нигоҳи молӣ, техникӣ ва низомӣ Украинаро таъмин мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0