https://sputnik.tj/20221026/sunak-munoqisha-ukraina-nuqta-1052426034.html
Сунак даъват кард, ки ба муноқишаи Украина нуқта гузошта шавад
Сунак даъват кард, ки ба муноқишаи Украина нуқта гузошта шавад
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири нави подшоҳӣ ваъда дод, ки кишварро аз буҳрони амиқи иқтисодӣ, ки иллати он низ ба авзоъ дар Украина марбут аст, берун мекунад
2022-10-26T09:06+0500
2022-10-26T09:06+0500
2022-12-22T14:02+0500
украина
британияи кабир
сиёсат
риши сунак
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/19/1052415530_0:0:3291:1852_1920x0_80_0_0_31bb97bc47602e823774c987054f4418.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Низоъ дар Украина "бояд хотима ёбад", гуфт сарвазири Бритониё Риши Сунак дар нахустин суханронии худ дар мақоми наваш. Вай инчунин итминон дод, ки иқтисоди Бритониёро аз буҳрон берун хоҳад овард. Ин суханронии сарвазири нав чунин менамояд, ки барои Украина ногувор хоҳад буд. Зеро ӯ чун пешгузаштагонаш аз зӯриву рақобат на, балки ба ҳалли мушкилоти дохили кишвараш ишора кард.Илова бар ин, интихобот дар Иёлоти Муттаҳида наздик мешавад ва ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳони он ҷо оҳиста-оҳиста ба хулосае меоянд, ки пеш аз ҳама мушкилоти Амрикоро ҳал кардан лозим аст, на Украина. Дар як конфронс дар Берлин Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина зимни суханронӣ тавассути пайванди видеоӣ гуфт, ки Украина барои иҷрои нақшаи барқарорсозии сареъи кишвар "як сент ҳам" нагирифтааст. Вай аз Ғарб 17 миллиард доллар талаб мекунад. Сунак аввалин сарвазири аз ҷониби шоҳ Чарлз III ба ин мақом таъиншуда ва аллакай сеюмин нахуствазир дар соли 2022 пас аз Борис Ҷонсон ва Лиз Трасс дар Британияи Кабир гардид. Номи нахуствазири нави кишвар рӯзи 24 октябр маълум шуд. Сунак инчунин вазифаи сарварии ҳизби консервативиро гирифт. Рақиби асосии ӯ — роҳбари палатаи ҷамъиятиҳои парламенти Британия Пенни Мордаунт дар бораи ба охир расидани мубориза барои ин вазифаҳо хабар дод. Ҷои сиёсатмадорро Лиз Трасс иваз кард, ки рӯзи 20 октябр пас аз шикасти сиёсати иқтисодиаш истеъфои худро эълон кард. Вай камтар аз 50 рӯз нахуствазир буд ва рекорди баръаксро гузошт. Трасс рӯзи 6 сентябр ба ҷои Борис Ҷонсон, ки дар пайи як қатор ҷанҷолҳо истеъфо дод, ба мақоми сарвазирӣ расида буд.
https://sputnik.tj/20221025/rishi-tilloi-aksho-javon-sarvazir-britoniyo-1052410350.html
украина
британияи кабир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/19/1052415530_557:0:3288:2048_1920x0_80_0_0_a7e1831546fb59afd0901b548fb59bb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сунак даъват муноқиша украина
сунак даъват муноқиша украина
Сунак даъват кард, ки ба муноқишаи Украина нуқта гузошта шавад
09:06 26.10.2022 (Навсозишуда: 14:02 22.12.2022) Сарвазири нави подшоҳӣ ваъда дод, ки кишварро аз буҳрони амиқи иқтисодӣ, ки иллати он низ ба авзоъ дар Украина марбут аст, берун мекунад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Низоъ дар Украина "бояд хотима ёбад", гуфт сарвазири Бритониё Риши Сунак дар нахустин суханронии худ дар мақоми наваш.
Вай инчунин итминон дод, ки иқтисоди Бритониёро аз буҳрон берун хоҳад овард.
"Ман мефаҳмам, ки пас аз миллиардҳо фунт сарфкардаи мо барои мубориза бо COVID, таҳаввулоте, ки дар миёни муноқишаи даҳшатбор дар Украина рух доданд, ки бояд хотима дода шавад", - гуфт Сунак.
Ин суханронии сарвазири нав чунин менамояд, ки барои Украина ногувор хоҳад буд. Зеро ӯ чун пешгузаштагонаш аз зӯриву рақобат на, балки ба ҳалли мушкилоти дохили кишвараш ишора кард.
Илова бар ин, интихобот дар Иёлоти Муттаҳида наздик мешавад ва ҳам демократҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳони он ҷо оҳиста-оҳиста ба хулосае меоянд, ки пеш аз ҳама мушкилоти Амрикоро ҳал кардан лозим аст, на Украина.
Дар як конфронс дар Берлин Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина зимни суханронӣ тавассути пайванди видеоӣ гуфт, ки Украина барои иҷрои нақшаи барқарорсозии сареъи кишвар "як сент ҳам" нагирифтааст. Вай аз Ғарб 17 миллиард доллар талаб мекунад.
Сунак аввалин сарвазири аз ҷониби шоҳ Чарлз III ба ин мақом таъиншуда ва аллакай сеюмин нахуствазир дар соли 2022 пас аз Борис Ҷонсон ва Лиз Трасс дар Британияи Кабир гардид.
Номи нахуствазири нави кишвар рӯзи 24 октябр маълум шуд. Сунак инчунин вазифаи сарварии ҳизби консервативиро гирифт. Рақиби асосии ӯ — роҳбари палатаи ҷамъиятиҳои парламенти Британия Пенни Мордаунт дар бораи ба охир расидани мубориза барои ин вазифаҳо хабар дод.
Ҷои сиёсатмадорро Лиз Трасс иваз кард, ки рӯзи 20 октябр пас аз шикасти сиёсати иқтисодиаш истеъфои худро эълон кард. Вай камтар аз 50 рӯз нахуствазир буд ва рекорди баръаксро гузошт. Трасс рӯзи 6 сентябр ба ҷои Борис Ҷонсон, ки дар пайи як қатор ҷанҷолҳо истеъфо дод, ба мақоми сарвазирӣ расида буд.