https://sputnik.tj/20221026/sughd-narkh-mavod-ghizo-qimat-1052437492.html
Дар Суғд нархи маводи ғизоӣ қимат шуд
Дар Суғд нархи маводи ғизоӣ қимат шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилоят аз ҳама беш нархи шир ва тамоку гарон шудааст. Ҳамчунин арзиши орд, шакар ва сабзавот низ майли баландшавӣ дорад
2022-10-26T15:21+0500
2022-10-26T15:21+0500
2022-10-26T15:21+0500
дар тоҷикистон
суғд
маводи ғизоӣ
гарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102152/68/1021526853_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_7ca6b54c6ea80279ba6e4d05954c984f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар вилояти Суғд нархи маҳсулоти ширӣ боло рафт. Арзиши он 18,3 фоиз афзуд. Дар ин бора аз Сарраёсати Агентии омори Тоҷикистон дар вилоят хабар доданд. Дар бозорҳои Суғд 1 литр ширро тақрибан 5-8 сомонӣ харидан мумкин аст. Ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот дар вилоят то 1 октябри ҳудуди 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 дарсад бештар аст.Дар муҳлати муайяншуда аз ҳар сар модагов қариб 1,3 ҳазор кг шир гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 87 кг зиёд мебошад. Ба маълумоти ин ниҳод, дар вилояти Суғд на танҳо шир гарон шудааст. Масалан, дар вилоят нархи маҳсулоти тамоку, гӯшт (4,5 фоиз), нон (4,6 фоиз), шакар (6,2 фоиз) ва орди навъи якум (11,7 фоиз) 32,5 фоиз боло рафт. Арзиши аслии баъзе сабзавот: пиёз 1,8 баробар, сабзӣ ва лаблабу — 1,7 баробар афзуд. Дар вилоят маҳсулоте низ мавҷуд аст, ки нархи онҳо, баръакс, арзон шудааст. Инҳо асосан сабзавоту меваҷот – лубиё (2,3%), картошка (32,5%), помидор (60,2%), бодиринг (63,9%), карам (5,6%), себ (22,3%) ва ғайра мебошанд.
https://sputnik.tj/20220819/ghami-piyoz-tojikiston-mahsulot-poin-meravad-1050831958.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102152/68/1021526853_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_27dc9b3d3112cbee3e804a39fda5ce89.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд нарх маводи ғизоӣ қимат
суғд нарх маводи ғизоӣ қимат
Дар Суғд нархи маводи ғизоӣ қимат шуд
Дар вилоят аз ҳама беш нархи шир ва тамоку гарон шудааст. Ҳамчунин арзиши орд, шакар ва сабзавот низ майли баландшавӣ дорад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар вилояти Суғд нархи маҳсулоти ширӣ боло рафт. Арзиши он 18,3 фоиз афзуд. Дар ин бора аз Сарраёсати Агентии омори Тоҷикистон дар вилоят хабар доданд.
Дар бозорҳои Суғд 1 литр ширро тақрибан 5-8 сомонӣ харидан мумкин аст. Ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот дар вилоят то 1 октябри ҳудуди 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 дарсад бештар аст.
Дар муҳлати муайяншуда аз ҳар сар модагов қариб 1,3 ҳазор кг шир гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 87 кг зиёд мебошад.
Ба маълумоти ин ниҳод, дар вилояти Суғд на танҳо шир гарон шудааст. Масалан, дар вилоят нархи маҳсулоти тамоку, гӯшт (4,5 фоиз), нон (4,6 фоиз), шакар (6,2 фоиз) ва орди навъи якум (11,7 фоиз) 32,5 фоиз боло рафт.
Арзиши аслии баъзе сабзавот: пиёз 1,8 баробар, сабзӣ ва лаблабу — 1,7 баробар афзуд.
Дар вилоят маҳсулоте низ мавҷуд аст, ки нархи онҳо, баръакс, арзон шудааст. Инҳо асосан сабзавоту меваҷот – лубиё (2,3%), картошка (32,5%), помидор (60,2%), бодиринг (63,9%), карам (5,6%), себ (22,3%) ва ғайра мебошанд.