https://sputnik.tj/20220819/ghami-piyoz-tojikiston-mahsulot-poin-meravad-1050831958.html
Ғами пиёз: дар кадом минтақаи Тоҷикистон нархи ин маҳсул поин меравад?
Ғами пиёз: дар кадом минтақаи Тоҷикистон нархи ин маҳсул поин меравад?
Sputnik Тоҷикистон
Қимати пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад, ки бештар поинравии нарх дар минтақаҳои шимоли кишвар мушоҳида мешавад
2022-08-19T22:00+0500
2022-08-19T22:00+0500
2022-08-20T10:44+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
нарх
гаронӣ
арзонӣ
бозор
нархи қимат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102034/11/1020341174_0:389:2949:2048_1920x0_80_0_0_cb73756306fadf9fa19e524662625788.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон поинравии қимати пиёз мушоҳида мешавад, ки дар қиёс ба соли гузашта тақрибан 4 баробар гарон шудааст, иттилоъ додааст Sugdnews.Ҳоло як кило ин сабзавот дар бозору фурӯшгоҳҳои бузурги шаҳри Хуҷанд бо қимати 4-4,50 сомонӣ фурӯхта мешавад, дар ҳоле ки ду ҳафта пеш қимати он 7 - 8 сомониро ташкил медод.Ба иттилои манбаъ, нархи ҳадди ақали пиёз дар баъзе ноҳияҳо то 3,30 сомонӣ мушоҳида мешавад вале нархи миёнаи он дар бархе минтақаҳо 5,22 сомонӣ ва баландтаринаш ба 8,00 сомонӣ баробар шудааст.Қимати пиёз дар шаҳрҳо ва минтақаҳои бузург чунин аст:Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, имсол дар майдони беш аз 3,8 ҳазор гектар пиёз кошта шудааст.Ҳамин тариқ, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар дод, ки то 1 август дар саросари вилоят беш аз 41,8 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст.Қаблан раҳбарияти гумруки Тоҷикистон низ тавзеҳ дода буд, ки муваққатан содироти пиёз аз кишварро мамнӯъ эълон кардаанд. Маҳдудиятҳо то ба эътидол омадани нархҳо дар бозорҳои дохилӣ идома хоҳанд ёфт.
https://sputnik.tj/20220813/narkh-piyoz-bozor-kohish-yoft-1050700637.html
https://sputnik.tj/20220803/ki-rost-meguyad-vazorati-kishovarzi-agentii-sodirot-1050458565.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102034/11/1020341174_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_dc94d6150e54f88dbef6fe94654f91cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пиёз, нархх, арзон, болоравӣ, поинравӣ, маҳсулот, кишоварзӣ
тоҷикистон, пиёз, нархх, арзон, болоравӣ, поинравӣ, маҳсулот, кишоварзӣ
Ғами пиёз: дар кадом минтақаи Тоҷикистон нархи ин маҳсул поин меравад?
22:00 19.08.2022 (Навсозишуда: 10:44 20.08.2022) Қимати пиёз дар бозорҳои Тоҷикистон тадриҷан коҳиш меёбад ва коҳиши нархи ин маҳсул бештар дар шимоли кишвар мушоҳида мешавад
ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон поинравии қимати пиёз мушоҳида мешавад, ки дар қиёс ба соли гузашта тақрибан 4 баробар гарон шудааст, иттилоъ додааст Sugdnews.
Ҳоло як кило ин сабзавот дар бозору фурӯшгоҳҳои бузурги шаҳри Хуҷанд бо қимати 4-4,50 сомонӣ фурӯхта мешавад, дар ҳоле ки ду ҳафта пеш қимати он 7 - 8 сомониро ташкил медод.
Ба иттилои манбаъ, нархи ҳадди ақали пиёз дар баъзе ноҳияҳо то 3,30 сомонӣ мушоҳида мешавад вале нархи миёнаи он дар бархе минтақаҳо 5,22 сомонӣ ва баландтаринаш ба 8,00 сомонӣ баробар шудааст.
Қимати пиёз дар шаҳрҳо ва минтақаҳои бузург чунин аст:
Қубодиён и Панҷакент - 4,40 сомонӣ;
Душанбе, Бохтар и Истаравшан - 5,00 сомонӣ;
Қушониён и Рашт - 6,00 сомонӣ;
Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, имсол дар майдони беш аз 3,8 ҳазор гектар пиёз кошта шудааст.
Ҳамин тариқ, Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар дод, ки то 1 август дар саросари вилоят беш аз 41,8 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст.
Қаблан раҳбарияти гумруки Тоҷикистон низ тавзеҳ дода буд, ки муваққатан содироти пиёз аз кишварро мамнӯъ эълон кардаанд. Маҳдудиятҳо то ба эътидол омадани нархҳо дар бозорҳои дохилӣ идома хоҳанд ёфт.