https://sputnik.tj/20221025/hushdor-sel-nohiya-khatar-1052403652.html
Ҳушдор аз сел: дар кадом ноҳияҳо хатар бузургтар аст
Ҳушдор аз сел: дар кадом ноҳияҳо хатар бузургтар аст
Sputnik Тоҷикистон
Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз хатари селфароӣ дар давоми ду рӯзи оянда дар кишвар ҳушдор дода, навоҳии нисбатан хатарнокро ном бурдааст 25.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-25T09:46+0500
2022-10-25T09:46+0500
2022-10-25T09:47+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
пешгӯӣ
ҳароратӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055688_0:21:657:391_1920x0_80_0_0_aba6d22c707262866c2bdaa2de5aefd6.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилоятҳои Суғд, аз ҷумла ноҳияи Панҷакент хатари сар задани зуҳуроти селлӣ мавҷуд аст, хабар дод Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ дар ҳудуди Хатлон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Рашту Сангвор ва ғарби ВМКБ - дар ноҳияи Дарвоз эҳтимоли селфароӣ баланд аст. Таъкид шудаст, ки ин таҳдиди офати табиӣ 2 рӯзи оянда боқӣ хоҳад монд. Дар маҷмуъ таъкид шудаст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои ғарбии вилоят баъзан борон меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.Суғдро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, шабона дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, рӯзона ҳавои асосан бебориш дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад. Дар вилояти Хатлон шабона дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм дар назар аст. Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида борон дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Ҳарорат шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20221024/barf-mahdudiyat-harakat-moshinho-dushanbe-chanoq-1052401936.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055688_0:0:657:494_1920x0_80_0_0_0fb7992d0fbeec869936296b398df11f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, обу ҳаво, пешгӯӣ, ҳароратӣ
дар тоҷикистон, обу ҳаво, пешгӯӣ, ҳароратӣ
Ҳушдор аз сел: дар кадом ноҳияҳо хатар бузургтар аст
09:46 25.10.2022 (Навсозишуда: 09:47 25.10.2022) Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз хатари селфароӣ дар давоми ду рӯзи оянда дар кишвар ҳушдор дода, навоҳии нисбатан хатарнокро ном бурдааст
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилоятҳои Суғд, аз ҷумла ноҳияи Панҷакент хатари сар задани зуҳуроти селлӣ мавҷуд аст, хабар дод Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ дар ҳудуди Хатлон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Рашту Сангвор ва ғарби ВМКБ - дар ноҳияи Дарвоз эҳтимоли селфароӣ баланд аст. Таъкид шудаст, ки ин таҳдиди офати табиӣ 2 рӯзи оянда боқӣ хоҳад монд.
Дар маҷмуъ таъкид шудаст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои ғарбии вилоят баъзан борон меборад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, шабона дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал омада, рӯзона ҳавои асосан бебориш дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон шабона дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм дар назар аст.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида борон дар назар аст. Дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал меояд. Ҳарорат шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.