Мақомоти шаҳри Душанбе гуфтанд, бахши мусофиркашониро чӣ гуна беҳтар хоҳанд кард

© AKIA AVESTOДвухэтажный автобус в Душанбе (проект)
Двухэтажный автобус в Душанбе (проект) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2022
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, соҳаи мусофиркашонӣ ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти ҷамъиятию хусусӣ зери назорати роҳбарияти мақомот қарор дорад
ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, барои ҳамлу нақли мусофирон, дар маҷмуъ, 5937 нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 788 нақлиёти корхонаҳои коммуналӣ, 1557 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 3592 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ, дар тавозуни корхонаҳои нақлиёти пойтахт қарор доранд, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Тибқи иттилои манбаъ, дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 406 автобус, 78 троллейбус, 1004 микроавтобуси сектори хусусӣ ва 2505 воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар мешаванд.
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2022
Иштироки Азим Иброҳим дар конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон
Шаҳрдорӣ қайд кардааст, ки тибқи шартнома хариди 20 электробуси замонавии то 200 км бо неруи барқ ҳаракаткунанда ва 10 электро-троллейбуси худрави муосири то 40 км бе пайвастшавӣ ба хатти неруи барқ ҳаракаткунанда, инчунин, ҷиҳати бо неруи барқ таъмин намудани электробусҳо хариди 10 таҷҳизоти қувватдиҳанда ба нақша гирифта шудааст.
“Ба хотири азнавсозии инфрасохтори корхонаҳои нақлиётии пойтахт лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе” бо маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 8,8 миллион доллар фаъолият намуда, дар доираи он то инҷониб 4,5 миллион доллар аз худ гардид”, - зикр кардааст шаҳрдорӣ.
Лентаи хабарҳо
0