Раиси Суғд аз роҳбари корхонаи "Зарафшон" хост истеҳсолотро зиёду уҳдадориҳоро иҷро кунад

© Sputnik / Зарина ЭргашеваАффинажная фабрика СП "Зарафшон"
Аффинажная фабрика СП Зарафшон   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд бо мудири кулли корхонаи тилобарории муштараки Тоҷикистону Чин - "Зарафшон" вазъи фаъолияти корхонаро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Корхонаи муштараки "Зарафшон" дар 9 моҳи соли равон ба маблағи зиёда аз 3,4 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, зимни гузориш аз мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мудири кулли корхонаи муштараки "Зарафшон" хабар дод. Раиси Суғд ҳамчунин аз роҳбари корхонаи муштарак хостааст, тавлиди маҳсулотро дар қиёс бо соли гузашта зиёд намояд.
Зикр гародидаст, ки дар корхона 2566 нафар коргар фаъолият дошта, маоши хуб мегиранд.
Золотоизвлекательная фабрика СП Зарафшон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Тавлиди тило дар Тоҷикистон бештар шуд: Саҳми Чин чанд аст?
Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин раванди сохтмони корхонаи нави металлургӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои корхона мубодилаи афкор намуданд.
Иттилоъ дода шуд, дар корхонаи нави металлургӣ, ки аз ҷониби "Зарафшон" бунёд гардида истодааст, ки то ҳол 95%-и корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
"Барои корхонаи нав таҷҳизот ва техникаву технологияҳои муосир харидорӣ ва дастрас гардида, дар назар аст, ки корхонаи нав ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шавад", - омадааст дар иттилоия.
Раиси Суғд бо тавсиф аз саҳми корхона дар рушди саноат ва тавлиди маҳсулот, аз роҳбарияти "Зарафшон" хостааст, уҳдадориҳояшро иҷро намояду бархе камбудиҳои мавҷударо бартараф кунад. Чӣ камбудиҳо дар назар дошта шудаанд, зикр нагардидааст.
Корхонаи муштараки "Зарафшон", ки аксари саҳмияҳои он ба ширкати чинӣ тааллуқ доранд, калонтарин тавлидкунандаи тило дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Лентаи хабарҳо
0