https://sputnik.tj/20220607/nigaroni-rahmon-ob-jahon-1048988904.html
Нигаронии Раҳмон аз сатҳи пасти таъминот бо об дар ҷаҳон: 2 млрд нафар дастрасӣ надоранд
Нигаронии Раҳмон аз сатҳи пасти таъминот бо об дар ҷаҳон: 2 млрд нафар дастрасӣ надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо овардани бархе оморҳо изҳор дошт, ки талошҳои умумӣ дар самти таъминот бо об ҳанӯз самараи дилхоҳ надодаанд
2022-06-07T11:43+0500
2022-06-07T11:43+0500
2022-06-07T18:42+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
об
эмомалӣ раҳмон
конфронс
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/06/1048980477_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_989cc036f67d793a30f1a430485377b2.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар ҷаҳон тақрибан 2 млрд нафар ба шабакаи таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Раҳмон дар оғози rонфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" аз татбиқи амалии ҳадафҳои гузошташуда изҳори норозигӣ кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун далел, ки талошҳои умумӣ ҳанӯз самараи дилхоҳ надодаанд, бархе оморҳоро дар мавриди таъминот бо обу беҳдошт зикр намуд. "Зиёда аз 3,5 миллиард нафар аз хидматрасониҳои зарурии беҳдошт ва ҳудуди 2,3 млрд нафар аз шароити одии гигиенӣ бархӯрдор нестанд", - овардааст "Ховар" аз қавли Раҳмон. Дар баробари ин, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд."Дар робита ба ин метавон гуфт, ки раванди иҷрои воқеии ҳадафу вазифаҳои гузошташуда дар самти таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар сатҳи зарурӣ қарор надорад", - афзуд ӯ. Вай дар хитоб ба иштирокдорони конфронси Душанбе дар масъалаи об изҳор дошт, ки ин масъала бинобар аҳамияти хос доштанаш бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад.Ӯ ҳушдор дод, ки талабот ба об дар оянда боз афзоиш хоҳад ёфт. Аз ҷумла зикр шуд, ки тибқи арзёбии коршиносон, дар соли 2050 шумораи аҳолии курраи Замин эҳтимоли расидан то 9 миллиард нафарро дорад, ки албатта, боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид.
https://sputnik.tj/20220606/obkhezi-khushksoli-rahmon-taghyiryobi-1048980167.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/06/1048980477_161:0:2892:2048_1920x0_80_0_0_3f1b5f94c52e77cbf457d80946fbbb4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, теъдод, ташна, ҷаҳон
раҳмон, теъдод, ташна, ҷаҳон
Нигаронии Раҳмон аз сатҳи пасти таъминот бо об дар ҷаҳон: 2 млрд нафар дастрасӣ надоранд
11:43 07.06.2022 (Навсозишуда: 18:42 07.06.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон бо овардани бархе оморҳо изҳор дошт, ки талошҳои умумӣ дар самти таъминот бо об ҳанӯз самараи дилхоҳ надодаанд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар ҷаҳон тақрибан 2 млрд нафар ба шабакаи таъмини оби ошомидании бехатар дастрасӣ надоранд, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон.
Раҳмон дар оғози rонфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028" аз татбиқи амалии ҳадафҳои гузошташуда изҳори норозигӣ кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун далел, ки талошҳои умумӣ ҳанӯз самараи дилхоҳ надодаанд, бархе оморҳоро дар мавриди таъминот бо обу беҳдошт зикр намуд.
"Зиёда аз 3,5 миллиард нафар аз хидматрасониҳои зарурии беҳдошт ва ҳудуди 2,3 млрд нафар аз шароити одии гигиенӣ бархӯрдор нестанд", - овардааст "Ховар" аз қавли Раҳмон.
Дар баробари ин, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола қариб ним миллион нафар аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд.
"Дар робита ба ин метавон гуфт, ки раванди иҷрои воқеии ҳадафу вазифаҳои гузошташуда дар самти таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар сатҳи зарурӣ қарор надорад", - афзуд ӯ.
Вай дар хитоб ба иштирокдорони конфронси Душанбе дар масъалаи об изҳор дошт, ки ин масъала бинобар аҳамияти хос доштанаш бояд ҳамеша чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад.
Ӯ ҳушдор дод, ки талабот ба об дар оянда боз афзоиш хоҳад ёфт. Аз ҷумла зикр шуд, ки тибқи арзёбии коршиносон, дар соли 2050 шумораи аҳолии курраи Замин эҳтимоли расидан то 9 миллиард нафарро дорад, ки албатта, боиси зиёдшавии чандинкаратаи талабот ба об хоҳад гардид.