Директор дашном доду бозигар зад: ҷазои афроди бетартиби футболи тоҷик

© Стас ЭтвешФутбольный мячь на поле, архивное фото
Футбольный мячь на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
Кумитаи назоратӣ-интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон қоидавайронкуниҳо дар ҷараёни бозиҳои лигаи олии кишварро баррасӣ ва баҳогузорӣ кард
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Директори дастаи "Эсхата" Ҷамшед Ҳусейнов аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон аз натиҷаи ҷаласаи кумитаи назоратӣ - интизомӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Ҷамшед Ҳусейнов дар бозӣ байни дастаҳои лигаи олӣ - "Хуҷанд" ва "Эсхата" рӯзи 22 октябр хилофи Кодекси интизомии ФФТ амал карда, ҳайати доваронро таҳқир кардаст.
Жеребьевка второго раунда отборочного турнира чемпионата мира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Анҷоми қуръакашӣ: Рақибони тими ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 муайян шуданд
Инчунин барои нақзи Кодекси интизоми ФФТ зимни бозӣ байни дастаҳои лигаи олӣ бозигари "Эсхата" Дилшодҷон Каримов аз ҳаққи иштирок дар 2 бозӣ маҳрум шудаст. Вай ҳамчунин муваззаф гардидаст, ки 250 сомонӣ ҷарима пардохт кунад.
Кумита ин ҷазоро нисбати Дилшодҷон Каримов бинобар истифодаи суханҳои таҳқиромез ва иҷрои имову ишораи таҳқиромез татбиқ кардаст.
Бо қарори кумитаи мазкур, ҳамчунин бозигари тими "Равшан"-и Кӯлоб, Муҳаммадалӣ Азизбоев аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.
Азизбоев дар айбдор дониста шудаст, ки ҳангоми бозӣ байни дастаҳои лигаи олӣ "Равшан" ва "Хатлон" барқасдона рақибро задаст.
Лентаи хабарҳо
0