Анҷоми қуръакашӣ: Рақибони тими ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 муайян шуданд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкЖеребьевка второго раунда отборочного турнира чемпионата мира
Жеребьевка второго раунда отборочного турнира чемпионата мира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
Қуръакашӣ дар шаҳри Тошканд муайян намуд, ки тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё - 2023 дар гуруҳи "С" сабқат мекунад
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон - "U-20" дар Ҷоми Осиё-2023 бо Кореяи ҷанубӣ, Урдун ва Уммон зӯрозмоӣ мекунад, хабар дод Федератсияи футболи ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон - "U-20" дар гурӯҳи "С" қарор гирифт. Дар баробари Тоҷикистон гуруҳ ҳамчунин тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммонро шомил аст.
Дар умум дар пайи қуръакашӣ 16 даста ба чаҳор гурӯҳ - "А", "В", "С" и "D" тақсим гардиданд, ки ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста иборат мебошад.
Таджикские футзалисты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2022
Мавқеи футзалбозони тоҷик дар раддабандии ҷаҳонӣ маълум шуд
Аз натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола ба гуруҳи "А" Ӯзбекистон, Индонезия, Ироқ ва Сурия дохил шуданд.
Гурӯҳи "В" шомили Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон ва грӯҳи "D" шомили Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин ва Қирғизистон гардид.
Чемпионати Осиё байни наврасон аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад, афзуд Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0