https://sputnik.tj/20221025/prezident-eron-shsh-jahon-bisyorqutb-musoidat-1052410775.html
Президенти Эрон: СҲШ барои ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад
Президенти Эрон: СҲШ барои ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Эрон ташаккули ҷаҳони бисёрқутбиро ногузир хонда, афзуд, ки марказҳои ҷадиди қудрат дар берун аз Аврупою Амрико дар ҳоли ташаккуланд
2022-10-25T13:45+0500
2022-10-25T13:45+0500
2022-10-25T13:45+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
иброҳим раисӣ
созмони ҳамкориҳои шанхай
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048803012_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_02d9beb9e6fe233fef23e21ccf2f8d43.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Фаъолияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай - СҲШ барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад, изҳор дошт раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ дар посух ба суоли РИА "Новости". Ба эътиқоди ӯ, нуфузи Эрон дар ҷаҳон ва минтақа дар ҳамкорӣ бо дӯстон афзоиш хоҳад ёфт. "Мо дар рушди равобит бо Русия ва дигар кишварҳо ҷиддӣ ҳастем", - афзуд ӯ. Дар зимн изҳор дошт, ки бисёре аз халқҳо мехоҳанд аз ҳалқаи пойбандӣ ба ИМА озод будан мехоҳанд ва Эрон дар ин масъала пуштибонии мардуми озодихоҳро идома хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, таваҷҷуҳи беш аз пеш ба Созмони Ҳамкории Шанхайро далели густурда шудани сиёсати бисёрмеҳварӣ дар ҷаҳон хонд. "Ҳаракат ба сӯи ҷаҳони бисёрқутбӣ самти асосӣ ва стратегии сиёсати ҷаҳонӣ мебошад, ки ин далел дар нишасти ахири сарони СҲШ дар Самарқанд тасдиқ карда шуд", - гуфта буд Путин.Ӯ зикр намуд, ки ин бузургтарин сохтори минтақавии ҷаҳон аст, ки дар он зиёда аз нисфи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанду чоряки маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ тавлид меёбад.Ба гуфтаи Путин, Созмони ҳамкориҳои Шанхай кишварҳоеро фаро мегирад, ки муътақиданд, ҷаҳони муосир бояд бисёрмеҳварӣ бошад, ба меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ такя мекунад, дар он амнияти баробар ва тақсимнашаванда, ҳамкории мутақобила, эҳтироми тарафайн таъмин бошад.Раисҷумҳури Русия нақши СММ-ро дар ҷаҳони бисёрмеҳварӣ нақши марказии ҳамоҳангсозӣ муҳим хонд. Ӯ афзуд, ки чунин бархӯрд ҷонибдорони бештареро ҷалб карда истодааст ва афзоиши таваҷҷуҳ ба кори СҲШ далели он мебошад.
https://sputnik.tj/20221013/putin-jahon-bisyorqutb-osiyo-1052111783.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048803012_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_0c74b3da8a426d9be13f0084089c2e99.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иброҳим раисӣ, ҷаҳон, бисёрқутбӣ, ногузир
иброҳим раисӣ, ҷаҳон, бисёрқутбӣ, ногузир
Президенти Эрон: СҲШ барои ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад
Раисҷумҳури Эрон ташаккули ҷаҳони бисёрқутбиро ногузир хонда, афзуд, ки марказҳои ҷадиди қудрат дар берун аз Аврупою Амрико дар ҳоли ташаккуланд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Фаъолияти Созмони ҳамкориҳои Шанхай - СҲШ барои бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ мусоидат мекунад, изҳор дошт раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ дар посух ба суоли РИА "Новости".
"Танҳо кишварҳои ғарбӣ муқобили бунёди ҷаҳони бисёрқутбӣ ҳастанд. Ҷаҳони чандқутбӣ, бахусус, бо кумаки созмонҳои минтақавӣ, ба мисли СҲШ сохта мешавад", - изҳор дошт Раисӣ.
Ба эътиқоди ӯ, нуфузи Эрон дар ҷаҳон ва минтақа дар ҳамкорӣ бо дӯстон афзоиш хоҳад ёфт. "Мо дар рушди равобит бо Русия ва дигар кишварҳо ҷиддӣ ҳастем", - афзуд ӯ.
Дар зимн изҳор дошт, ки бисёре аз халқҳо мехоҳанд аз ҳалқаи пойбандӣ ба ИМА озод будан мехоҳанд ва Эрон дар ин масъала пуштибонии мардуми озодихоҳро идома хоҳад дод.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, таваҷҷуҳи беш аз пеш ба Созмони Ҳамкории Шанхайро далели густурда шудани сиёсати бисёрмеҳварӣ дар ҷаҳон хонд.
"Ҳаракат ба сӯи ҷаҳони бисёрқутбӣ самти асосӣ ва стратегии сиёсати ҷаҳонӣ мебошад, ки ин далел дар нишасти ахири сарони СҲШ дар Самарқанд тасдиқ карда шуд", - гуфта буд Путин.
Ӯ зикр намуд, ки ин бузургтарин сохтори минтақавии ҷаҳон аст, ки дар он зиёда аз нисфи аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанду чоряки маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ тавлид меёбад.
Ба гуфтаи Путин, Созмони ҳамкориҳои Шанхай кишварҳоеро фаро мегирад, ки муътақиданд, ҷаҳони муосир бояд бисёрмеҳварӣ бошад, ба меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ такя мекунад, дар он амнияти баробар ва тақсимнашаванда, ҳамкории мутақобила, эҳтироми тарафайн таъмин бошад.
Раисҷумҳури Русия нақши СММ-ро дар ҷаҳони бисёрмеҳварӣ нақши марказии ҳамоҳангсозӣ муҳим хонд. Ӯ афзуд, ки чунин бархӯрд ҷонибдорони бештареро ҷалб карда истодааст ва афзоиши таваҷҷуҳ ба кори СҲШ далели он мебошад.