https://sputnik.tj/20221025/nuskha-etimodnomai-safir-rusiya-tojikiston-aks-1052416540.html
Маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири нави Русия дар ВУХ Тоҷикистон - акс
Маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири нави Русия дар ВУХ Тоҷикистон - акс
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон сафири нави Русия дар Душанберо бо таъйин шудан ба ин мақом шодбош гуфта, дар фаъолияташ муваффақият хост
2022-10-25T16:43+0500
2022-10-25T16:43+0500
2023-02-08T19:45+0500
сиёсат
дар тоҷикистон
сафир
семён григорев
имомӣ содиқ ашурбойзода
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/19/1052416024_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_ba59cb6b374e110a991e7a510008cd7c.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ супорид. Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро муҳокима намуданд.Манбаъ афзуд, ки Имомӣ, Григоревро ба муносибати таъйин гардидан ба мансаби сафири кишвари дӯст табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатиаш барои рушди бемайлони муносибатҳои дуҷониба муваффақият орзу намуд.Маврид ба зикр аст, ки Григорев ҳайси сафири нави Русия нимаи моҳи октябр вориди Душанбе шуд. Фармони таъйини Григорев ба мақоми сафир ва барканории Лякин-Фроловро аз ин вазифа раисҷумҳури Русия, Владимир Путин моҳи августи соли равон имзо карда буд.Бар асоси ҳолномааш, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст.Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият доштааст.Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то таъйиноти нав мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати умури хориҷии Русия буд.
https://sputnik.tj/20220731/tanho-rohbar-ustod-frolov-khayr-1050379725.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/19/1052416024_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_4c7d4b639d81b74a72255fa529e8996f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафир, нав, нусха, эътимоднома
сафир, нав, нусха, эътимоднома
Маросими супоридани нусхаи эътимодномаи сафири нави Русия дар ВУХ Тоҷикистон - акс
16:43 25.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон сафири нави Русия дар Душанберо бо таъйин шудан ба ин мақом шодбош гуфта, дар фаъолияташ муваффақият хост
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев нусхаи эътимодномаашро ба муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ супорид.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро муҳокима намуданд.
Манбаъ афзуд, ки Имомӣ, Григоревро ба муносибати таъйин гардидан ба мансаби сафири кишвари дӯст табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти дипломатиаш барои рушди бемайлони муносибатҳои дуҷониба муваффақият орзу намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Григорев ҳайси сафири нави Русия нимаи моҳи октябр вориди Душанбе шуд. Фармони таъйини Григорев ба мақоми сафир ва барканории Лякин-Фроловро аз ин вазифа раисҷумҳури Русия, Владимир Путин моҳи августи соли равон имзо карда буд.
Бар асоси ҳолномааш, Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шуда, забонҳои форсӣ, пашту ва англисиро балад аст.
Сафири навтаъйин хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав буда, қаблан ҳамчун мушовири сиёсии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳамчунин ӯ дар вазифаҳои мушовири сафорати Русия дар Афғонистону Эрон низ фаъолият доштааст.
Семён Григорев аз соли 2008 то 2018 нахустин сафири Русия дар Абхазистон баъди эътирофи ин кишвар аз ҷониби Маскав буд. Аз моҳи августи соли 2018 то таъйиноти нав мудири Департаменти равобит бо субъектҳои Федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати умури хориҷии Русия буд.