На танҳо роҳбар, балки устод шуд: дипломатҳои Русия дар Тоҷикистон бо Фролов хайр гуфтанд

© Sputnik / Амир ИсаевПосол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2022
Обуна шудан
Намояндагии Русия дар Тоҷикистон бо сафир дар ҷумҳурӣ хайрухуш карда, дастовардҳои ӯро дар тӯли нуҳ соли рисолати дипломатияш тавсиф намудааст
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Сафири Фавқулода ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов рисолати дипломатии худро дар Душанбе ба анҷом мерасонад.
Дар ин бора намояндагии Федератсияи Русия дар ҷумҳурӣ хабар дода, афзуд, ки дипломат дар ин вазифа 9 сол кор кардааст.
"Аз соли 2013 дар ин мақоми баланд ӯ ва ҳамсараш Елена Ахтямовна Лякина-Фролова барои рушд ва таҳкими дӯстии Русияву Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додаанд", - омадааст дар хабарнома.
Сафорат инчунин саҳми бузурги Лякин-Фроловро дар роҳандозии робитаҳои сиёсӣ, корҳои ёдбуд ва ҳарбию ватандӯстӣ ва ширкати фаъолона дар ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон қайд намуд.
"Барои бисёре аз мо Игор Семёнович на танҳо роҳбар, балки мураббӣ ва чуноне ки дар Тоҷикистон мегӯянд, устод шудааст", - омадааст дар паёми хайрбодӣ.
Маврид ба зикр аст, ки феълан номи сафири нави Русия дар Тоҷикистон маълум нест.
Махмадтоир Зокирзода, глава Маджлиси намояндагон, нижняя палата парламента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Таъкиди раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба зарурати ҳамкории бештар бо Русия
Фролов дар анҷоми рисолати дипломатияш аз муносиботи наздики Тоҷикистону Русия тавсиф кард.
"Боиси хушнудист, ки миёни раҳбарони мо - Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон муносибати дӯстона ва эътимодбахш идома дорад, ки хусусияти шарикӣ ва ҳамкории стратегиро пурра инъикос мекунад", - гуфт дипломат.
Вай ҳамчунин афзуд, ки "тайи ин солҳо равобити Русия ва Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо - дар сиёсат, иқтисод, дифоъи низомӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ - бемайлон рушд ва таҳким ёфт".
Лентаи хабарҳо
0