https://sputnik.tj/20221024/barf-mahdudiyat-harakat-moshinho-dushanbe-chanoq-1052401936.html
Барфи шадид мебошад: маҳдудияти ҳаракат барои баъзе мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
Барфи шадид мебошад: маҳдудияти ҳаракат барои баъзе мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати роҳбони IRS, ки ба нигоҳдорию пулҷамъкунӣ дар масири Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз ҷорӣ шудани маҳдудият барои мошинҳои бокаш гуфт
2022-10-24T21:05+0500
2022-10-24T21:05+0500
2022-10-24T21:24+0500
дар тоҷикистон
кҳф
роҳбандӣ
борон
барф
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046721972_0:6:720:411_1920x0_80_0_0_f3e9446cc20a3d8d30e5321259d9c2ef.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ҳаракати мошинҳои боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти IRS.Манбаъ меафзояд, ин тасмим дар пайи оғози бориши пуршиддати барф аз километри 136 то километри 170- уми роҳи Душанбе - Чаноқ гирифта шуд.Феълан ба ин қисмати роҳ кормандону техникаҳо сафарбар шуда, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш идома дорад.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 октябр низ бинобар боришоти зиёд ин масир муваққатан баста шуда буд.Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳавошиносон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз номусоид омадани бодуҳаво дар ҷумҳурӣ ҳушдор дода буданд.Мақомот таъкид намуданд, ки аз то 27-уми октябри соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои сард, боридани борону барфи тар пешгӯӣ мешавад.КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш кард, барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд.Ҳамчунин маслиҳат дода шуд, ки давоми ин рӯзҳо аз корҳои саҳроию чоровопарварӣ ҳадди имкон худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20221024/hushdor-sarmo-boron-barf-tojikiston-1052400465.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046721972_0:0:720:540_1920x0_80_0_0_c2e35de1546d6dc27cf22576b58d204b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳдудият ҳаракат мошин душанбе чаноқ
маҳдудият ҳаракат мошин душанбе чаноқ
Барфи шадид мебошад: маҳдудияти ҳаракат барои баъзе мошинҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ
21:05 24.10.2022 (Навсозишуда: 21:24 24.10.2022) Ширкати роҳбони IRS, ки ба нигоҳдорию пулҷамъкунӣ дар масири Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз ҷорӣ шудани маҳдудият барои мошинҳои бокаш гуфт
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ҳаракати мошинҳои боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд, хабар медиҳад, дафтари матбуоти IRS.
"Бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти сабукрав гузариши "Фура" ва нақлиёти боркаши ядакдор муваққатан маҳдуд карда шуд", - омадааст дар иттилоияи ин ширкат.
Манбаъ меафзояд, ин тасмим дар пайи оғози бориши пуршиддати барф аз километри 136 то километри 170- уми роҳи Душанбе - Чаноқ гирифта шуд.
Феълан ба ин қисмати роҳ кормандону техникаҳо сафарбар шуда, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 октябр низ бинобар боришоти зиёд ин масир муваққатан баста шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳавошиносон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз номусоид омадани бодуҳаво дар ҷумҳурӣ ҳушдор дода буданд.
Мақомот таъкид намуданд, ки аз то 27-уми октябри соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои сард, боридани борону барфи тар пешгӯӣ мешавад.
КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш кард, барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд.
Ҳамчунин маслиҳат дода шуд, ки давоми ин рӯзҳо аз корҳои саҳроию чоровопарварӣ ҳадди имкон худдорӣ намоянд.