“Барқи тоҷик”: маҳдудият нест, санҷиши профилактикӣ аст

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкЛампочка в подвале, архивное фото
Лампочка в подвале, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Барқи тоҷик” мегӯяд, қатъи барқ дар шабонарӯзи охир ба хотири корҳои профилактикиест, ки ҳамасола замони гузариш аз реҷаи тобистонӣ ба зимистонӣ гузаронида мешаванд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло ба хотири омодагӣ ба зимистон охирин санҷишҳои профилактикӣ дар зеристгоҳҳои бузург ва хатҳои баландшиддати барқ идома доранд, аз ин хотир, гоҳо барқ қатъ мешавад.

Лампа накаливания, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ба кӣ бояд бовар кард? "Барқи тоҷик" мегӯяд лимит нест, аммо сокинон аз бебарқӣ меноланд

“Мо дар аксари маҳалҳо аз хатҳои эҳтиётӣ барқ медиҳем. Дар баъзе минтақаҳо маъмулан рӯзона, зарурати қатъи барқ ба миён меояд. Аммо инро набояд ҷорӣ намудани маҳдудият барқ арзёбӣ кард. Маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон аслан вуҷуд надорад”, - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Имшабу рӯзҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз қатъи барқ дар манотиқи Тоҷикистон хабарҳо пахш мешаванд, ки бино ба онҳо сокинон ба таври муназзам рӯзона то 5 соат аз барқ маҳрум мешаванд. Дар бархе навоҳӣ ин қатъкуниҳо муназзам ва ҳамарӯза ба чашм мерасад.

Сухангӯи “Барқи тоҷик” мегӯяд, корҳои назоратии таъмирӣ - профилактикӣ аз ҳаҷми таҷҳизоти таъмиршаванда бастагӣ дорад, аз ин хотир, гоҳо вақти бештар зарур аст, то як таҷҳизот пурра аз таъмир ё санҷиш барояд.

“Ин корҳо дар муҳлати кутоҳ ба охир мерасанд ва интиқоли барқ боз ба эътидол медарояд. Барои сокинони пойтахт ин ҳам маълум бод, ки Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе аз рӯзи 5 октябри соли 2020 ба кор сар кард, ки ин ҳам ба таъмини нерӯи барқ дар пойтахт таъсири мусбат мерасонад”, - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.

Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, ин шабу рӯз дар кишвар ҳудуди 35 миллион киловат-соат барқ танҳо барои эҳтиёҷоти сокинони Тоҷикистон истеҳсол мешавад ва муҳимтарин манбаъи барқи кишвар – нерӯгоҳи “Норак”, ки ҳудуди 80 дарсади барқи кишварро таъмин мекунад, бо тамоми қудрат фаъолият дорад.

Лентаи хабарҳо
0