https://sputnik.tj/20221024/rahmon-ittifoqhoi-kasabai-tojikiston-1052383980.html
Тавсифи Раҳмон аз қувваи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон: 900 ҳазор аъзоро муттаҳид мекунанд
Тавсифи Раҳмон аз қувваи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон: 900 ҳазор аъзоро муттаҳид мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба қувваи амалкунандае табдил ёфт, ки фаъолияташро ба беҳбуди шароити кору зиндагии аъзояш равона кардааст
2022-10-24T12:22+0500
2022-10-24T12:22+0500
2022-10-24T12:22+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
иттифоқҳои касаба
эмомалӣ раҳмон
паём
шодбошӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044997194_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_10946726380dff47f116203a0bd40cfc.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кормандон ва аъзои иттифоқҳои касабаро бо Рӯзи иттифоқҳои касаба шодбош гуфт. Раҳмон дар паёми шодбошияш таъкид намудаст, ки яке аз воситаҳои таъмин намудани суботи иҷтимоии кишварро, ҳамкории муштараку мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва иттифоқҳои касаба гуфтаст. "Иттифоқҳои касабаи кишвар дар сафҳои худ беш аз 900 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид намуда, ҳамчун шарики иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои дастҷамъона нақши муҳим ва муассирро иҷро мекунанд", - гуфт ӯ. Раисҷумҳур таъкид намудаст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумати Тоҷикистон қарор долрад. Зикр шудаст, иттифоқҳои касаба ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ ва ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд.Президент таъкид намудаст, ки соҳиби Рӯзи касбӣ гардидани Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба фаъолияти онҳо такони нав мебахшад.Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бар асоси тағйирот ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" 24 октябр чун Рӯзи иттифоқҳои касаба эълон шуд.
https://sputnik.tj/20220907/imzoi-sanadi-hamkori-ittifoqhoi-kasabai-tojikiston-rusiya-1051222103.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044997194_124:0:1937:1360_1920x0_80_0_0_b156398a37e6bfaed6d95d137c29d936.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паём, шодбошӣ, эмомалӣ раҳмон, иттифоқҳои касаб
паём, шодбошӣ, эмомалӣ раҳмон, иттифоқҳои касаб
Тавсифи Раҳмон аз қувваи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон: 900 ҳазор аъзоро муттаҳид мекунанд
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба қувваи амалкунандае табдил ёфт, ки фаъолияташро ба беҳбуди шароити кору зиндагии аъзояш равона кардааст
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кормандон ва аъзои иттифоқҳои касабаро бо Рӯзи иттифоқҳои касаба шодбош гуфт.
Раҳмон дар паёми шодбошияш таъкид намудаст, ки яке аз воситаҳои таъмин намудани суботи иҷтимоии кишварро, ҳамкории муштараку мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва иттифоқҳои касаба гуфтаст.
"Иттифоқҳои касабаи кишвар дар сафҳои худ беш аз 900 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид намуда, ҳамчун шарики иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои дастҷамъона нақши муҳим ва муассирро иҷро мекунанд", - гуфт ӯ.
Раисҷумҳур таъкид намудаст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумати Тоҷикистон қарор долрад.
Зикр шудаст, иттифоқҳои касаба ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ ва ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд.
Президент таъкид намудаст, ки соҳиби Рӯзи касбӣ гардидани Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба фаъолияти онҳо такони нав мебахшад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон бар асоси тағйирот ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" 24 октябр чун Рӯзи иттифоқҳои касаба эълон шуд.