Имзои санади ҳамкорӣ миёни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистону Русия

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Обуна шудан
Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои дуҷонибаи худро васеътар мекунанд. Онҳо барои ин кор санади расмии ҳамкорӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Русия ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар”.
Ин санад дар ҷараёни як сафари кории Маликшо Неъматзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Русия ба имзо расидааст.
Ба иттилои манбаъ, Неъматзода бо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Русия Михаил Шмаков мулоқот кардааст.
Зимни мулоқот тарафҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Имзои 40 санади ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Суғд ва Русия: видео
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби сафари корӣ Маликшо Неъматзода дар Маскав бо Дабири кулли Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Щербаков мулоқот анҷом дод.
Манбаъ афзуд, дар рафти чорабинӣ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки зимни ин мулоқот Маликшо Неъматзода барои саҳмаш дар рушди ҳаракати иттифоқҳои касабаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо “Нишони нуқраи 30-солагии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба” сарфароз гардонида шуд.
Лентаи хабарҳо
0