https://sputnik.tj/20221023/rahmon-intikhob-digarbora-jinpin-shodbosh-1052374615.html
Раҳмон интихоби дигарбораи Ҷинпинро ба роҳбарӣ дар Чин шодбош гуфт
Раҳмон интихоби дигарбораи Ҷинпинро ба роҳбарӣ дар Чин шодбош гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон интихоби дигарбораи Си Ҷинпинро ба мақоми роҳбарӣ дар Чин далели дастгирии мардуми ин кишвар аз сиёсати пешгирифтааш хонд
2022-10-23T18:00+0500
2022-10-23T18:00+0500
2022-10-23T18:34+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
муносибот
чин
шодбошӣ
паём
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040749849_0:163:2693:1678_1920x0_80_0_0_baac551228c86e18e734b173f80fc8c4.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Чин, Си Ҷинпинро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии ин кишвар шодбош гуфтаст. Дар паёми шодбошии Раҳмон таъкид шудааст, ки дубора интихоб гардидани Ҷинпин ба ин маснади сермасъули ҳизбӣ далели обрӯву эътибори баланди ӯ ва аз ҷониби ҷомеаи Чин қатъиян дастгирӣ ёфтани роҳи пешгирифтааш мебошад. Ба гуфтаи Раҳмон ин роҳи пешгирифтаи Ҷинпин ба рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Чин ва таҳкими пайвастаи мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст. "Итминон дорам, ки қарорҳои ҳамоиши ҷашнии Ҳизби коммунистии Чин роҳнамои нави ҷомеа ба сӯйи пешрафти бомароми кишвари Шумо хоҳанд гардид", - изҳор дошт Раҳмон.Вай изҳори боварӣ намудаст, ки талошҳои муштарак дар оянда низ барои тавсеаву таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин мусоидат менамоянд. Ӯ таъкид намудаст, ки муносибот ба манфиатҳои мардуми ду кишвар бо иқдоми нави ҳамкории созанда ғанӣ хоҳанд гашт. Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин саломатӣ, саодатмандӣ, дар фаъолияти сермасъули ҳизбиву давлатиаш дастовардҳои навин ва ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳу пешрафт ва шукуфоӣ орзу намудаст. Маврид ба зикр аст, ки ахиран Си Ҷинпин барои панҷсолаи оянда бори сеюм ба мақоми роҳбарӣ дар Чин интихоб шуд.
https://sputnik.tj/20221023/jinpin-rohbar-chin-1052369168.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040749849_120:0:2573:1840_1920x0_80_0_0_5f7de9dbf5944d9f67c18177a258ebb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
паём, роҳбарӣ, си ҷинпин
Раҳмон интихоби дигарбораи Ҷинпинро ба роҳбарӣ дар Чин шодбош гуфт
18:00 23.10.2022 (Навсозишуда: 18:34 23.10.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон интихоби дигарбораи Си Ҷинпинро ба мақоми роҳбарӣ дар Чин далели дастгирии мардуми ин кишвар аз сиёсати пешгирифтааш хонд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Чин, Си Ҷинпинро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии ин кишвар шодбош гуфтаст.
Дар паёми шодбошии Раҳмон таъкид шудааст, ки дубора интихоб гардидани Ҷинпин ба ин маснади сермасъули ҳизбӣ далели обрӯву эътибори баланди ӯ ва аз ҷониби ҷомеаи Чин қатъиян дастгирӣ ёфтани роҳи пешгирифтааш мебошад.
Ба гуфтаи Раҳмон ин роҳи пешгирифтаи Ҷинпин ба рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Чин ва таҳкими пайвастаи мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст.
"Итминон дорам, ки қарорҳои ҳамоиши ҷашнии Ҳизби коммунистии Чин роҳнамои нави ҷомеа ба сӯйи пешрафти бомароми кишвари Шумо хоҳанд гардид", - изҳор дошт Раҳмон.
Вай изҳори боварӣ намудаст, ки талошҳои муштарак дар оянда низ барои тавсеаву таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин мусоидат менамоянд. Ӯ таъкид намудаст, ки муносибот ба манфиатҳои мардуми ду кишвар бо иқдоми нави ҳамкории созанда ғанӣ хоҳанд гашт.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин саломатӣ, саодатмандӣ, дар фаъолияти сермасъули ҳизбиву давлатиаш дастовардҳои навин ва ба Чини дӯст ва мардуми он сулҳу пешрафт ва шукуфоӣ орзу намудаст.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Си Ҷинпин барои панҷсолаи оянда бори сеюм ба мақоми роҳбарӣ дар Чин интихоб шуд.