https://sputnik.tj/20221023/jinpin-rohbar-chin-1052369168.html
Ҷинпин дубора роҳбари Чин шуд: Киҳо дар раёсат боқӣ монданду киҳо нав омаданд?
Ҷинпин дубора роҳбари Чин шуд: Киҳо дар раёсат боқӣ монданду киҳо нав омаданд?
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин Си Ҷинпинро барои бори севум дабири кулли ҳизб интихоб кард. Инчунин 2 сиёсатмадори дигар дар Бюрои сиёсии ҳизб монданд
2022-10-23T10:32+0500
2022-10-23T10:32+0500
2022-10-23T10:38+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
си ҷинпин
ҳизби коммунист
интихоб
роҳбар
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051582348_0:186:2980:1862_1920x0_80_0_0_e38a98424d4165d2abdd94b3a8bc72bc.jpg
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Си Ҷинпин дар Анҷумани 20-уми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин бори сеюм дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин интихоб кард. Дар ин бора хабаргузории Синхуа хабар медиҳад. Илова бар ин, Си Ҷинпин инчунин барои севвумин бор пай дар пай Шӯрои низомии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чинро раҳбарӣ мекунад. Маврид ба зикр аст, ки ба ҳайати нав комитети доимии Бюрои сиёсии Ҳизби коммунистии Чин 7 нафар дохил шуданд. Се нафар сиёсатмадорон аз қабл курсии худро нигоҳ доштаанд, инчунин чор нафар бори аввал ба он дохил шудаанд. Дар ҳайати Бюрои сиёсии Кумитаи марказӣ сиёсатмадорони бонуфузи кишвар шомиланд. Аз ҷумла котиби генералии феълӣ Си Ҷинпин, котиби Комиссияи марказии Ҳизби коммунистии Чин оид ба тафтиши интизом Чжао Летзӣ, роҳбари Комиссияи марказии ҳизбӣ дар бахши таҳкими фарҳанги маънавӣ Ван Хунин мавқеашонро дар Бюрои сиёсӣ ҳифз намуданд. Дар феҳрасти чор нафари ҷадид, аз ҷумла раиси кумитаи шаҳрии ҲКЧ дар Шанхай, Ли Сян, роҳбари кумитаи ҳизбии музофоти Гуандун Ли Си, раиси кумитаи шаҳрии ҲКЧ дар Пекин Тсай Си, сардори котиботи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ Дин Сюэсян шомил гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки дар Пекин анҷумани 20-уми Ҳизби коммунисти Чин, ки аз рӯи анъана дар 5 сол як маротиба баргузор мешавад, ба охир расид ва дар он ҳайати нави Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин ва Комиссияи марказии тафтишотии интизомӣ интихоб гардиданд. Ҳамчунин амалҳои гузаштаю нақшаҳои оянда муқаррар шуданд.
https://sputnik.tj/20221016/jinpin-gegemoniya-jahon-1052163361.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051582348_126:0:2855:2047_1920x0_80_0_0_4c6c31aedf5526e3cb7589327fd3d484.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раёсат, чин, ҷинпин
Ҷинпин дубора роҳбари Чин шуд: Киҳо дар раёсат боқӣ монданду киҳо нав омаданд?
10:32 23.10.2022 (Навсозишуда: 10:38 23.10.2022) Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин Си Ҷинпинро барои бори севум дабири кулли ҳизб интихоб кард. Инчунин 2 сиёсатмадори дигар дар Бюрои сиёсии ҳизб монданд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Си Ҷинпин дар Анҷумани 20-уми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин бори сеюм дабири кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин интихоб кард. Дар ин бора хабаргузории Синхуа хабар медиҳад.
Илова бар ин, Си Ҷинпин инчунин барои севвумин бор пай дар пай Шӯрои низомии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чинро раҳбарӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ба ҳайати нав комитети доимии Бюрои сиёсии Ҳизби коммунистии Чин 7 нафар дохил шуданд. Се нафар сиёсатмадорон аз қабл курсии худро нигоҳ доштаанд, инчунин чор нафар бори аввал ба он дохил шудаанд.
Дар ҳайати Бюрои сиёсии Кумитаи марказӣ сиёсатмадорони бонуфузи кишвар шомиланд. Аз ҷумла котиби генералии феълӣ Си Ҷинпин, котиби Комиссияи марказии Ҳизби коммунистии Чин оид ба тафтиши интизом Чжао Летзӣ, роҳбари Комиссияи марказии ҳизбӣ дар бахши таҳкими фарҳанги маънавӣ Ван Хунин мавқеашонро дар Бюрои сиёсӣ ҳифз намуданд.
Дар феҳрасти чор нафари ҷадид, аз ҷумла раиси кумитаи шаҳрии ҲКЧ дар Шанхай, Ли Сян, роҳбари кумитаи ҳизбии музофоти Гуандун Ли Си, раиси кумитаи шаҳрии ҲКЧ дар Пекин Тсай Си, сардори котиботи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ Дин Сюэсян шомил гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Пекин анҷумани 20-уми Ҳизби коммунисти Чин, ки аз рӯи анъана дар 5 сол як маротиба баргузор мешавад, ба охир расид ва дар он ҳайати нави Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин ва Комиссияи марказии тафтишотии интизомӣ интихоб гардиданд. Ҳамчунин амалҳои гузаштаю нақшаҳои оянда муқаррар шуданд.