https://sputnik.tj/20221003/behtarin-kormand-operativi-khatlon-1051829247.html
Беҳтарин корманди оперативӣ дар Хатлон маълум шуд
Беҳтарин корманди оперативӣ дар Хатлон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бахшида ба рӯзи кормандони оперативӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, озмуни беҳтарин корманди ин бахш гузаронда шуд
2022-10-03T13:00+0500
2022-10-03T13:00+0500
2022-10-03T13:14+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
корманд
озмун
беҳтарин
вкд
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043033386_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_caa18f451fb00cdfdfdb7fdd992475d7.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ваколатдори оперативии идораи милисаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, лейтенанти калон Абдуллоев Хуршед беҳтарин корманди оперативии Хатлон эълон гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар додаст. Ба иттилои манбаъ, дар ҷойи дуюм намояндаи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон қарор гирифтаст. Барандаи ҷойи сеюм ваколатдори оперативии идораи милиса дар ноҳияи Вахш лейтенанти калон Чилаев Ҷаҳонгир эълон шуд. Тавзеҳ дода шудаст, ки озмунро комиссияи махсус баҳогузорӣ карда, он дар се давр баргузор шуд. Ҳашт нафар иштирокчиёне, ки дар даври дуюм роҳхат гирифтаанд ба саволҳо ҷавоб доданд ва аз тарафи ҳакамон аз 1 то 5 холгузорӣ карда шуданд. Дар даври дуюм пешниҳоди саволҳо ба иштирокчиёни озмун тариқи гирифтани як билет, ки 3 савол дошт ва додани 3 саволи иловагӣ аз тарафи ҳакамон сурат гирифтаст. "Аз ҳашт нафар иштирокчиёни даври дуюм 3 нафар иштирокчӣ, ки холҳои нисбатан баландро сазовор гардиданд ба даври сеюм роҳхат гирифтанд", - омадааст дар иттилоия. Дар пайи баррасии ҷавобҳои иштирокдорон барандаҳои ҷойҳои 1, 2 ва 3 эълон шуданд. ВУД таъкид намудаст, яке аз бахшҳои калидӣ, ки бевосита фаъолияти он ба ошкор ва дастгиркунии ҷинояткорон равона гардидааст, ин воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Инчунин зикр шудаст, ки соли 2022 "Соли баланд бардоштани малакаи касбии кормандони оперативӣ" эълон шудаст.
https://sputnik.tj/20220831/generalhoi-nav-dar-vkd-tojikiston-kistand-1051070271.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043033386_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_b0620bba2090edc2664329b0b05789c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, беҳтарин, кормандон, оперативӣ
эълон, беҳтарин, кормандон, оперативӣ
Беҳтарин корманди оперативӣ дар Хатлон маълум шуд
13:00 03.10.2022 (Навсозишуда: 13:14 03.10.2022) Бахшида ба рӯзи кормандони оперативӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, озмуни беҳтарин корманди ин бахш гузаронда шуд
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Ваколатдори оперативии идораи милисаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, лейтенанти калон Абдуллоев Хуршед беҳтарин корманди оперативии Хатлон эълон гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар додаст. Ба иттилои манбаъ, дар ҷойи дуюм намояндаи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон қарор гирифтаст.
Барандаи ҷойи сеюм ваколатдори оперативии идораи милиса дар ноҳияи Вахш лейтенанти калон Чилаев Ҷаҳонгир эълон шуд.
Тавзеҳ дода шудаст, ки озмунро комиссияи махсус баҳогузорӣ карда, он дар се давр баргузор шуд. Ҳашт нафар иштирокчиёне, ки дар даври дуюм роҳхат гирифтаанд ба саволҳо ҷавоб доданд ва аз тарафи ҳакамон аз 1 то 5 холгузорӣ карда шуданд.
Дар даври дуюм пешниҳоди саволҳо ба иштирокчиёни озмун тариқи гирифтани як билет, ки 3 савол дошт ва додани 3 саволи иловагӣ аз тарафи ҳакамон сурат гирифтаст.
"Аз ҳашт нафар иштирокчиёни даври дуюм 3 нафар иштирокчӣ, ки холҳои нисбатан баландро сазовор гардиданд ба даври сеюм роҳхат гирифтанд", - омадааст дар иттилоия.
Дар пайи баррасии ҷавобҳои иштирокдорон барандаҳои ҷойҳои 1, 2 ва 3 эълон шуданд.
ВУД таъкид намудаст, яке аз бахшҳои калидӣ, ки бевосита фаъолияти он ба ошкор ва дастгиркунии ҷинояткорон равона гардидааст, ин воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Инчунин зикр шудаст, ки соли 2022 "Соли баланд бардоштани малакаи касбии кормандони оперативӣ" эълон шудаст.