Бостоншиносон дар Тоҷикистон бозёфтҳои 2,5-миллионсола пайдо карданд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАрхеологические раскопки. Архивное фото
Археологические раскопки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Обуна шудан
Дар ҷануби Тоҷикистон ҳангоми ҷустуҷӯи бостоншиносӣ бозёфтҳои аҷибе кашф шудааст
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дар ҷануби Тоҷикистон олимон устухонҳои ҳайвоноти калони сутунмуҳрадори давраи плейстотсенро кашф карданд, ки қидмати 2,5-2,2-миллионсолӣ доранд.
Чунин кашфиётро кормандони Донишгоҳи федералии Урал (УрФУ) анҷом додаанд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии донишгоҳ.
Дар байни бозёфтҳои қиматбаҳо устухонҳои кафтори қадимӣ, говмеши кӯҳондор ва каргадан ҳастанд.

"Кормандони Пажуҳишгоҳи экологияи наботот ва ҳайвоноти филиали уралии Академияи илмҳои Русия ва озмоишгоҳи усулҳои табиатшиносии тадқиқоти гуманитарии УрФУ бо ҳамкасбони Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А. Дониш корҳои иктишофиро дар ду макони давраи аввали плейстотсен гузарониданд", — гуфта мешавад дар иттилоия.

Дар ҳавзаи рӯдхонаи Қизилсуи ҷануби Тоҷикистон олимон устухони кафтори қадимӣ, аспи стенонӣ, говмешҳои кӯҳондор ва инчунин чанд намуди оҳуву каргаданҳои қадимро пайдо кардаанд.
Раскопки Саразма в пригороде Пенджикента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Кашфи ошхонаи қадимаи давраи Кушониён дар Тоҷикистон
Ҳамаи бозёфтҳо ба анборҳои Осорхонаи кишваршиносии шаҳри Балҷувон супурда шуданд.
Барқарорӣ ва таҳқиқи намунаҳои ёфтшуда соли оянда барномарезӣ шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки олимони тоҷик зимни ҳафриёт дар қаламрави Қалъаи бостонии Хуҷанд бозёфтҳои ҷолиберо ба даст овардаанд.
Бостоншиносон дар рафти тадқиқоти худ тангаҳои сиккадор, пораҳои сафолӣ ва дӯдхона ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0