Ҷинпин гуфт, мухолифи гегемония ва яккаҳукмронӣ дар ҷаҳон аст

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин на Петербургском международном экономическом форуме. День второй
Президент РФ В. Путин на Петербургском международном экономическом форуме. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.10.2022
Обуна шудан
Раҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин ҷонибдории қатъии Ҳизби коммунистии ҳоким дар кишварро аз бисёрсамтии воқеӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ баён дошт
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Чин қатъиян мухолифи гегемония ва истифодаи зӯргӯӣ дар муносиботи байналмилалист.
Ин нуктаро котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби комуннистӣ, роҳбари Чин, баён дошта, афзуд Пекин ҷонибдори бисёрсамтии воқеӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.
Вай зимни маросими ифтитоҳи ҷаласаи 20-уми умумичинии Ҳизби коммунистӣ таъкид ба дипломатия дар муносиботи байналмилалӣ кард.
"Мо дипломатияи давлати бузург, бо хусусиятҳои чиниро ҳамаҷониба пеш мебарем. Барои бунёди ҷомеае бо ояндаи муштараки башарият мусоидат мекунем", - изҳор дошт ӯ.
Ҷинпин ҳамчунин таъкид кард, ки беғаразӣ ва адолатро дар муносибатҳои байналмилалӣ қатъиян дифоъ мекунаду мавқеи рӯшани зидди яккаҳукмрониро дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи 20-уми Ҳизби коммунистии Чин аз 16 то 22 октябр дар Пекин бо иштироки ҳудуди 2300 вакил аз тамоми кишвар баргузор мегардад.
Президент РФ В. Путин провел встречи на полях саммита ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2022
Раҳбари Чин гуфт, ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус медиҳад
Дар ҳамоиш ҷамъбасти кори панҷсолаи ҳизб, вазифаҳо барои панҷсолаи оянда, интихоби аъзои нави раёсати кумитаю комиссияҳо дар назар аст.
Ҳамчунин ҷаласаи Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ баргузор мешавад, ки дар он аъзои Бюрои сиёсӣ интихоб мешаванд. Гуфта мешавад, ки Си Ҷинпин мавқеи роҳбарияшро дар Чин барои 5 соли оянда ҳифз хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0