https://sputnik.tj/20221023/arktika-ima-rusiya-zhuravlyov-video-1052377063.html
Арктика макони нави бархӯрди ИМА ва Русия? Шарҳи Журавлёв - видео
Арктика макони нави бархӯрди ИМА ва Русия? Шарҳи Журавлёв - видео
Sputnik Тоҷикистон
Минтақаи Арктика на танҳо аз ҷиҳати захираҳои табиӣ, балки ҳамчун як роҳи муҳими тиҷоратӣ ва пойгоҳҳои низомӣ низ арзиши бузург дорад
2022-10-23T21:33+0500
2022-10-23T21:33+0500
2023-02-08T19:45+0500
видео
има
арктика
сиёсат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/17/1052375615_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_3527fe47b986412124071a9036b1aa42.jpg
Нақшаҳои Амрико дар бораи баргардонидани заминҳои Арктика метавонад боиси нигаронӣ гардад, аммо бидуни флоти яхшикан ин барои онҳо осон нахоҳад буд. Ин нуктаро дотсенти Донишгоҳи молии назди ҳукумати Русия, Дмитрий Журавлёв, дар мусоҳиба бо Sputnik изҳор дошт. Ӯ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида барои муддати тӯлонӣ нақшаҳо ва стратегияҳои Арктикаро таҳия мекунад ва омода аст барои он бо Русия мубориза барад. Минтақа на танҳо аз ҷиҳати захираҳо, балки ҳамчун як роҳи муҳими тиҷоратӣ ва пойгоҳҳои низомӣ низ арзишманд аст. Русия барои назорати Арктика ба кайҳон моҳвораҳои нав мефиристадВай дар шарҳи сарусадо дар мавриди он ки Арктика метавонад майдони дигари бархӯрди ИМА ва Русия шавад, гуфт ин минтақаи бойи азхуднашуда мебошад ва оне, ки Арктикаро аввалин шуда азхуд мекунанд, фоидаи ҳангуфт мегирад. Гармшавии иқлим таваҷҷуҳ ба ин минтақаро боз бештар кард, афзуд ӯ.Ҳамчунин Арктика кӯтоҳтарин роҳ аз Русия ба ИМА буда, ҳамчунин аз нигоҳи низомӣ низ пураҳамият мебошад, гуфт таҳлилгар. Молики боигариҳои Арктика ва зарфиятҳои ҳамлу нақл аз тариқи он довталаби пешоҳанг дар сайёра хоҳад буд ва кишварҳои абарқудрат инро медонанд, изҳор дошт Журавлёв. Тафсилоти суҳбат, аз ҷумла чаро ИМА воқеан Финляндия ва Шветсияро ба НАТО қабул мекунад, чӣ гуна амрикоиҳо дар Арктика бидуни флоти яхшикан ба Русия муқовимат хоҳанд кард, нақши Чин дар ин равандро метавон аз видео пайдо кард.
има
арктика
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/17/1052375615_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_9caa1b92c8dac4bca7247afc350ab714.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мубориза, арктика, шиддат
мубориза, арктика, шиддат
Арктика макони нави бархӯрди ИМА ва Русия? Шарҳи Журавлёв - видео
21:33 23.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Минтақаи Арктика на танҳо аз ҷиҳати захираҳои табиӣ, балки ҳамчун як роҳи муҳими тиҷоратӣ ва пойгоҳҳои низомӣ низ арзиши бузург дорад
Нақшаҳои Амрико дар бораи баргардонидани заминҳои Арктика метавонад боиси нигаронӣ гардад, аммо бидуни флоти яхшикан ин барои онҳо осон нахоҳад буд.
Ин нуктаро дотсенти Донишгоҳи молии назди ҳукумати Русия, Дмитрий Журавлёв, дар мусоҳиба бо Sputnik изҳор дошт.
Ӯ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида барои муддати тӯлонӣ нақшаҳо ва стратегияҳои Арктикаро таҳия мекунад ва омода аст барои он бо Русия мубориза барад. Минтақа на танҳо аз ҷиҳати захираҳо, балки ҳамчун як роҳи муҳими тиҷоратӣ ва пойгоҳҳои низомӣ низ арзишманд аст.
Вай дар шарҳи сарусадо дар мавриди он ки Арктика метавонад майдони дигари бархӯрди ИМА ва Русия шавад, гуфт ин минтақаи бойи азхуднашуда мебошад ва оне, ки Арктикаро аввалин шуда азхуд мекунанд, фоидаи ҳангуфт мегирад. Гармшавии иқлим таваҷҷуҳ ба ин минтақаро боз бештар кард, афзуд ӯ.
Ҳамчунин Арктика кӯтоҳтарин роҳ аз Русия ба ИМА буда, ҳамчунин аз нигоҳи низомӣ низ пураҳамият мебошад, гуфт таҳлилгар.
Молики боигариҳои Арктика ва зарфиятҳои ҳамлу нақл аз тариқи он довталаби пешоҳанг дар сайёра хоҳад буд ва кишварҳои абарқудрат инро медонанд, изҳор дошт Журавлёв.
Тафсилоти суҳбат, аз ҷумла чаро ИМА воқеан Финляндия ва Шветсияро ба НАТО қабул мекунад, чӣ гуна амрикоиҳо дар Арктика бидуни флоти яхшикан ба Русия муқовимат хоҳанд кард, нақши Чин дар ин равандро метавон аз видео пайдо кард.