https://sputnik.tj/20221022/vao-asnod-makhfii-khona-tramp-ima-eron-chin-1052355502.html
ВАО: асноди махфии аз хонаи Трамп гирифтаи хадамоти вижаи ИМА марбут ба Эрону Чин аст
ВАО: асноди махфии аз хонаи Трамп гирифтаи хадамоти вижаи ИМА марбут ба Эрону Чин аст
Sputnik Тоҷикистон
Асноди махфии мусодиракардаи хадамоти вижаи Иёлоти Муттаҳида Амрико маълумоти махфӣ дар бораи ду давлати осиёиро дар бар мегирифтааст
2022-10-22T10:28+0500
2022-10-22T10:28+0500
2022-10-22T10:28+0500
има
чин
эрон
сиёсат
доналд трамп
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8520b7a25170256a6074e6476569acb4.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Асноди махфие, ки хадамоти вижаи ИМА аз қароргоҳи раисиҷумҳури пешини ИМА Доналд Трамп мусодира кардааст, маълумот дар бораи Эрон ва Чинро дар бар мегирад.Дар ин бора нашрияи Washington Post бо такя ба манобеи аз вазъ огоҳаш хабар додааст."Баъзе аз маводи махфӣ <...> маълумоти иктишофии ниҳоят ҳассос дар бораи Эрон ва Чинро дар бар мегиранд",- навиштааст нашрия.Гуфта мешавад, ки ҳадди ақал як санади махфӣ марбут ба барномаи мушакии Теҳрон ва чанд санади дигар ба иттилоъоти иктишофӣ дар бораи Пекин марбут аст.Ба гуфтаи коршиносон, ифшои маълумоти дар асноди дарёфткардаи хадамоти вижа метавонад як қатор мушкилоти эҳтимолиро эҷод кунад - аз ифшои афсарони иктишофии Амрико ва усулҳои ҷамъоварии маълумот то таҳдиди эҳтимолии "интиқом" аз кишварҳои дигар ба Вашингтон.Ёдовар мешавем, ки ниҳоди махсуси амрикоӣ дар авоили моҳи августи соли ҷорӣ ба қароргоҳи Трамп дар Флорида дар чаҳорчӯби як парвандаи истифодаи ғайриқонунӣ, дуздӣ ва нобудсозии маводи расмӣ санҷиш гузарониданд.Баъдтар Додситони кулли ИМА Меррик Гарланд гуфт, ки ӯ шахсан барои пешниҳоди даъво барои дарёфти кофтуков иҷозат додааст.Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳазорон ҳуҷҷат, аз ҷумла дар сатҳи гуногуни махфӣ, то баландтарин маълумотро мусодира карданд.Худи Трамп иддао дорад, ки вай тамоми ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳангоми президент буданаш аз Кохи Сафед ба қароргоҳаш дар Флорида оварда буд, махфӣ кардааст ва қайд кард, ки сарвари давлат метавонад ин корро "танҳо бо андеша кардан" анҷом диҳад.
https://sputnik.tj/20221009/muzokirot-jang-tramp-ukraina-1051996497.html
има
чин
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_e0749088065a3065d0a12eb91f5bcaba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аснод махфӣ хона трамп има эрону чин
аснод махфӣ хона трамп има эрону чин
ВАО: асноди махфии аз хонаи Трамп гирифтаи хадамоти вижаи ИМА марбут ба Эрону Чин аст
Асноди махфии мусодиракардаи хадамоти вижаи Иёлоти Муттаҳида Амрико маълумоти махфӣ дар бораи ду давлати осиёиро дар бар мегирифтааст
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Асноди махфие, ки хадамоти вижаи ИМА аз қароргоҳи раисиҷумҳури пешини ИМА Доналд Трамп мусодира кардааст, маълумот дар бораи Эрон ва Чинро дар бар мегирад.
Дар ин бора нашрияи Washington Post бо такя ба манобеи аз вазъ огоҳаш хабар додааст.
"Баъзе аз маводи махфӣ <...> маълумоти иктишофии ниҳоят ҳассос дар бораи Эрон ва Чинро дар бар мегиранд",- навиштааст нашрия.
Гуфта мешавад, ки ҳадди ақал як санади махфӣ марбут ба барномаи мушакии Теҳрон ва чанд санади дигар ба иттилоъоти иктишофӣ дар бораи Пекин марбут аст.
"Агар онҳо ба дасти ягон кас афтанд, метавонистанд усулҳои махфии чамъ кардани маълумотҳои иктишофиро, ки ИМА истифода мебаранд, фош кунанд", — менависад Washington Post.
Ба гуфтаи коршиносон, ифшои маълумоти дар асноди дарёфткардаи хадамоти вижа метавонад як қатор мушкилоти эҳтимолиро эҷод кунад - аз ифшои афсарони иктишофии Амрико ва усулҳои ҷамъоварии маълумот то таҳдиди эҳтимолии "интиқом" аз кишварҳои дигар ба Вашингтон.
Ёдовар мешавем, ки ниҳоди махсуси амрикоӣ дар авоили моҳи августи соли ҷорӣ ба қароргоҳи Трамп дар Флорида дар чаҳорчӯби як парвандаи истифодаи ғайриқонунӣ, дуздӣ ва нобудсозии маводи расмӣ санҷиш гузарониданд.
Баъдтар Додситони кулли ИМА Меррик Гарланд гуфт, ки ӯ шахсан барои пешниҳоди даъво барои дарёфти кофтуков иҷозат додааст.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳазорон ҳуҷҷат, аз ҷумла дар сатҳи гуногуни махфӣ, то баландтарин маълумотро мусодира карданд.
Худи Трамп иддао дорад, ки вай тамоми ҳуҷҷатҳоеро, ки ҳангоми президент буданаш аз Кохи Сафед ба қароргоҳаш дар Флорида оварда буд, махфӣ кардааст ва қайд кард, ки сарвари давлат метавонад ин корро "танҳо бо андеша кардан" анҷом диҳад.