https://sputnik.tj/20220901/hamkori-baynisarhadi-hifzi-muhiti-zist-tojikistonu-uzbekiston-1051083469.html
Баррасии ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Баррасии ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ҳамкории байнисарҳадӣ дар бораи ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон табодули назар карданд
2022-09-01T09:00+0500
2022-09-01T09:00+0500
2022-09-01T12:12+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ҳифзи муҳити зист
кумитаи ҳифзи муҳити зист
ҳамкорӣ
душанбе
тошканд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904587_0:132:1280:852_1920x0_80_0_0_9694ee279844b3a17701e8fc0eb04c82.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе зимни ҳамоише баррасӣ шудаанд, иттилоъ додааст Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон.Манбаъ иттилоъ додааст, ки ҳамоиши мазкур дар доираи “Моҳи амалиёти иқлими сабз” доир гардида, дар он мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи давлатии Ӯзбекистон дар умури экология Бобурҷон Маҳмудов гуфт, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои конвенсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар умури гуногунии биологӣ, конвенсияҳои Бонн ва Ромсар ҳастанд.“Дар шароити тағйирёбии иқлим кишварҳои моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳо, ландшафтҳо ва олами набототу ҳайвонот саъю талош варзанд. Танҳо дар асосии ҳамкории минтақавӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт”,- таъкид кард Бобурҷон Маҳмудов.Ҳамзамон манбаъ таъкид шудааст, ки мутахассисони тоҷик бо ҳамтоёни ӯзбекашон дар бораи ҳолати мамнӯъгоҳҳои кишварҳо ва дурнамои ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист изҳори назар намуданд.Сафари кории мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз 31 август то 3 сентябр идома хоҳад ёфт.
ӯзбекистон
душанбе
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/03/1048904587_72:0:1208:852_1920x0_80_0_0_c83984e79ffad9c6a288f90659129379.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳифзи муҳит зист, ҳамкорӣ, байнисарҳадӣ, муҳит зист.
тоҷикистон, ӯзбекистон, ҳифзи муҳит зист, ҳамкорӣ, байнисарҳадӣ, муҳит зист.
Баррасии ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
09:00 01.09.2022 (Навсозишуда: 12:12 01.09.2022) Дар Душанбе ҳамкории байнисарҳадӣ дар бораи ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшавандаи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон табодули назар кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Масъалаҳои марбут ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе зимни ҳамоише баррасӣ шудаанд, иттилоъ додааст Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ҳамоиши мазкур дар доираи “Моҳи амалиёти иқлими сабз” доир гардида, дар он мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи давлатии Ӯзбекистон дар умури экология Бобурҷон Маҳмудов гуфт, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои конвенсияҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар умури гуногунии биологӣ, конвенсияҳои Бонн ва Ромсар ҳастанд.
“Дар шароити тағйирёбии иқлим кишварҳои моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳо, ландшафтҳо ва олами набототу ҳайвонот саъю талош варзанд. Танҳо дар асосии ҳамкории минтақавӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт”,- таъкид кард Бобурҷон Маҳмудов.
Ҳамзамон манбаъ таъкид шудааст, ки мутахассисони тоҷик бо ҳамтоёни ӯзбекашон дар бораи ҳолати мамнӯъгоҳҳои кишварҳо ва дурнамои ҳамкории байнисарҳадӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист изҳори назар намуданд.
Сафари кории мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз 31 август то 3 сентябр идома хоҳад ёфт.