https://sputnik.tj/20221022/si-jinpin-chin-idora-1052362036.html
Сарвари собиқи Чинро аз ҳайати Конгресси Ҳизби коммунист хориҷ карданд
Сарвари собиқи Чинро аз ҳайати Конгресси Ҳизби коммунист хориҷ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар баробари интихоби афроди калидӣ дар раъси ҳизбу шохаҳои он, нақшаи рушди ҷумҳурии Чин барои панҷ соли оянда тасдиқ шудааст
2022-10-22T16:55+0500
2022-10-22T16:55+0500
2022-10-22T17:22+0500
чин
сиёсат
ҳизби коммунист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/16/1052361735_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_cbd5161bd82b7a62dad9d41127ae76f3.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Собиқ дабири кулли Ҳизби коммунисти Чин ва раиси ҷумҳурии он кишвар Ҳу Ҷинтао дар маросими пӯшидашавии Анҷумани XX-уми Ҳизби коммунисти Чин дар толори маҷлиси мардумии Пекин пеш аз муҳлат толорро тарк кард. Дар ин бора мухбири РИА Новости хабар додааст. Дар навори Анҷумани Ҳизби коммунист дида мешавад, ки чӣ гуна Ҳу Ҷинтао, ки дар тарафи чапи раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин нишастааст, ду нафар наздик омада, яке аз онҳо аз дасти раиси собиқи давлат гирифта, ӯро мебарад. То анҷоми маҷлис ҷои ӯ холӣ буд. Дар бораи сабабҳои тарки толори кардани сиёсатмадори 79-сола дар миёни мулоқот гузориш нашудааст. Аз рӯи ҷамъбасти анҷуман инчунин ҳайати Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Хитой ва Кумитаи доимии Бюрои Сиёсӣ муайян карда шуд. Ба ҳайати нави КМ Ҳизби коммунистии Чин 205 кас дохил шуд. Дар миёни аъзои кумитаи доимии даъвати қаблӣ аз ҳафт нафар танҳо се нафар, аз ҷумла худи Си Ҷинпин, дубора интихоб шуданд. Ғайр аз ин, ба хайати нави КМ 4 нафар шахсони мансабдор дохил карда нашуданд, ки сабаби ба нафақа баромадани онҳо буд. Си Ҷинпин зимни суханронӣ дар конгресс гуфт, ки Чин дар арсаи байналмилалӣ пешрафт ва мавқеи худро дар иқтисод таҳким хоҳад дод. Вай инчунин таъкид кард, ки ҳалли масъалаи Тайван кори хусусии халқи Чин мебошад. Кишвар бо роҳи осоишта муттаҳид шуданро исрор мекунад, вале аз андешидани тамоми чораҳои зарурӣ даст намекашад. Си Ҷинпини 69-сола аз соли 2012 раиси Ҳизби коммунисти Чин аст. Пас аз як соли раҳбарӣ вай инчунин вазифаи раҳбарии Чин ва раиси Шӯрои марказии ҳарбии ҶМЧ-ро гирифт. Дар давраи ҳукмронии ӯ, таҳлилгарон дастовардҳои назаррасро дар рушди кишвар қайд мекунанд. Хитой мавқеи байналхалқии худро мустаҳкам кард, дар мамлакат модернизатсия ва индустрикунонии васеъ давом дорад.
https://sputnik.tj/20220915/si-jinpin-omoda-hamkori-rusiya-jahon-rushd-1051432292.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/16/1052361735_237:0:2966:2047_1920x0_80_0_0_3eb9fdda189e41fb3b1801e6342b9d08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
си ҷинпин чинро идора интихоб
си ҷинпин чинро идора интихоб
Сарвари собиқи Чинро аз ҳайати Конгресси Ҳизби коммунист хориҷ карданд
16:55 22.10.2022 (Навсозишуда: 17:22 22.10.2022) Курси сиёсатмадор ва раисиҷумҳури пешин Ҳу Ҷинтао дар поёни маросими пӯшидашавии Анҷумани XX-уми Ҳизби коммунисти Чин холӣ монд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Собиқ дабири кулли Ҳизби коммунисти Чин ва раиси ҷумҳурии он кишвар Ҳу Ҷинтао дар маросими пӯшидашавии Анҷумани XX-уми Ҳизби коммунисти Чин дар толори маҷлиси мардумии Пекин пеш аз муҳлат толорро тарк кард.
Дар ин бора мухбири РИА Новости хабар додааст.
Дар навори Анҷумани Ҳизби коммунист дида мешавад, ки чӣ гуна Ҳу Ҷинтао, ки дар тарафи чапи раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин нишастааст, ду нафар наздик омада, яке аз онҳо аз дасти раиси собиқи давлат гирифта, ӯро мебарад.
То анҷоми маҷлис ҷои ӯ холӣ буд. Дар бораи сабабҳои тарки толори кардани сиёсатмадори 79-сола дар миёни мулоқот гузориш нашудааст.
Аз рӯи ҷамъбасти анҷуман инчунин ҳайати Кумитаи марказии ҳизби коммунистии Хитой ва Кумитаи доимии Бюрои Сиёсӣ муайян карда шуд.
Ба ҳайати нави КМ Ҳизби коммунистии Чин 205 кас дохил шуд. Дар миёни аъзои кумитаи доимии даъвати қаблӣ аз ҳафт нафар танҳо се нафар, аз ҷумла худи Си Ҷинпин, дубора интихоб шуданд.
Ғайр аз ин, ба хайати нави КМ 4 нафар шахсони мансабдор дохил карда нашуданд, ки сабаби ба нафақа баромадани онҳо буд.
Си Ҷинпин зимни суханронӣ дар конгресс гуфт, ки Чин дар арсаи байналмилалӣ пешрафт ва мавқеи худро дар иқтисод таҳким хоҳад дод.
Вай инчунин таъкид кард, ки ҳалли масъалаи Тайван кори хусусии халқи Чин мебошад. Кишвар бо роҳи осоишта муттаҳид шуданро исрор мекунад, вале аз андешидани тамоми чораҳои зарурӣ даст намекашад.
Си Ҷинпини 69-сола аз соли 2012 раиси Ҳизби коммунисти Чин аст. Пас аз як соли раҳбарӣ вай инчунин вазифаи раҳбарии Чин ва раиси Шӯрои марказии ҳарбии ҶМЧ-ро гирифт.
Дар давраи ҳукмронии ӯ, таҳлилгарон дастовардҳои назаррасро дар рушди кишвар қайд мекунанд. Хитой мавқеи байналхалқии худро мустаҳкам кард, дар мамлакат модернизатсия ва индустрикунонии васеъ давом дорад.