Раҳмон ва Мирзиёев аз се даҳаи равобит гуфтанду якдигаррро табрик карданд

© Foto / Пресс-служба Президента УзбекистанаПрезиденты Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев
Президенты Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Обуна шудан
Паёмҳои сарони кишварҳо ба муносибати 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ирсол шудаанд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба ҳамдигар барқияи шодбошӣ ирсол карданд.
Ин паёмҳо ба муносибати 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар ирсол шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Эмомалӣ Раҳмон ин санаро дар таърихи тозаи равобити кишварҳо хеле муҳим хондааст.
"Дар ин давра муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи баланди шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ расидаанд", — гуфта мешавад дар паёми раисҷумҳури Тоҷикистон.
Вай изҳори итминон кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда ҳам бар пояи принсипҳои устувори ҳамсоягии нек, эҳтироми ҳамдигар, эътимод ва кӯмаки мутақобила идома хоҳад ёфт.
Шавкат Мирзиёев бошад, дар номааш қайдааст кард, ки тайи солҳои ҳамкорӣ робитаҳои наздики дӯстона дар ҳама соҳаҳо мустаҳкам гардида, заминаи ҳуқуқӣ ва механизмҳои самарабахши муносибатҳо фароҳам оварда шудаанд.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Имзои созишномаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар
"Муколамаи фаъол дар сатҳи олӣ ва заминаи мустаҳкам барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳама бахшҳо мебошад", — гуфта мешавад дар барқия сарвари Ӯзбекистон.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар соли 1992 барқарор шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0