Имзои созишномаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар

CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в городе Гиссар в Таджикистане
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Обуна шудан
Тоҷикистону Ӯзбекистон мехоҳанд ҳамкориеро роҳандозӣ намоянд, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳии ду кишвар, балки ба ҳамкории минтақаии сайёҳӣ мусоидат намояд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар ҷараёни ҳамоиши “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, иттилоъ додааст шаҳрдории Хуҷанд.
Ҳамоиши “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон” ахиран дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор гардид.
Таъкид шудааст, ки дар ин ҳамоиш ҷонибҳо тариқи рӯнамо дар бораи ба зарфияти сайёҳии ҳарду кишвар маълумот доданд.
Здание администрации города Хорог, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.08.2022
Баргузории фестивали байналмилалии фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар Хоруғ
Дар ин ҳамолиш изҳори умед карда шуд, ки истифодаи таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстона ҷиҳати таҳкими робитаҳои муштараки сайёҳию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Таъкид шудааст, ки сайёҳони Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба намудҳои сайёҳии табобатӣ-солимгардонӣ, экологӣ ва сайёҳии зиёратӣ бештар майлу рағбат доранд.
“Ҳоло ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодаанд”, - таъкид кардааст шаҳрдории Хуҷанд.
Зикр шуд, ки Ӯзбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба даҳгонаи кишварҳое шомил мешавад, ки сайёҳонаш бештар ба Тоҷикистон меоянд.
Лентаи хабарҳо
0