Коршинос нигаронии Душанбе аз террористҳоро мояи дарк хонду роҳи муборизаро нишон дод

© Sputnik / Хушнуд РахматуллаевНа таджикско-афганской границе
На таджикско-афганской границе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Обуна шудан
Коршиноси шинохтаи афғонистонӣ нигарониҳои Душанберо аз вазъи кунунии Афғонистон мояи дар хонда мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз хатар бояд муттаҳидона мубориза бурд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Як қатор кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, бахусус Тоҷикистон, ҳамеша аз хатари терроризм аз қаламрави Афғонистон ва вуруди гурӯҳҳои тундрав ба қаламрави онҳо нигарон буда ва мегӯянд, ки толибон тааҳҳудоти худро дар мубориза бо терроризм иҷро намекунанд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, ахиран аз хатари густариши терроризм дар минтақа ва бо назардошти афзоиши фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон изҳори нигаронии амиқ кардаанд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар конфронси ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои мубориза бо терроризм гуфт: Гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар вилоятҳои шимолӣ ва шарқии ҳаммарз бо Тоҷикистон фаъолона барқарор мешаванд.
Колючая проволока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Дар ду ҷабҳа - Тоҷикистонро ҳам аз шимол ва ҳам аз ҷануб таҳдид мекунанд
Ба гуфтаи Раҳимзода, толибон то кунун ба беш аз 3000 узви "гурӯҳҳои террористӣ" шиносномаи Афғонистон додаанд. Вай афзуд, ин вазъ бори дигар хатари режими толибонро тасдиқ мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар рӯзи аввали ин нишаст гуфт, дар Афғонистон даҳҳо ҳазор "муҷоҳидин ва бомбгузори маргталаб" тамрин мекунанд.
Толибон ба ин изҳороти мақомоти тоҷик вокуниш нишон надодаанд. Аммо ин гурӯҳ тайи чанд рӯзи ахир дар Твиттер таблиғе роҳандозӣ кардааст ва бо ситоиши неруҳои худкушии худ дар бист соли ахир ин амалро тарғиб мекунанд.
Барно Солеҳӣ, коршиноси равобити байналмилалӣ ва коршиноси масоили сиёсӣ дар сӯҳбат бо Sputnik Афғонистон гуфт, ки на танҳо кишвари Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақа ва қудратҳои бузург низ ба навъе аз афзоиш ва таҳкими ифротгароӣ ва терроризм дар Афғонистон нигаронанд.
“Ҳарчанд гурӯҳи толибон борҳо гуфтаанд, ки истифодаи хоки Афғонистонро алайҳи ҳеҷ кишвар иҷоза намедиҳанд, аммо кишвари Тоҷикистон аз ҳассосияти бештари гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи худ дар сафҳои толибон ошкоро изҳори нигаронӣ мекунад", -гуфт оқои Солеҳӣ
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Бархӯрди дугонаю истифодаи бархе давлатҳо аз террористҳо: Раҳимзода ягонагӣ пешниҳод кард
Ӯ мегӯяд, нигаронии кишварҳои дигарро аз эътироф накардани ҳукумати толибон фаҳмидан мумкин аст.
Ин коршиноси масоили сиёсии Афғонистон дар идома афзуд, таҳдиди терроризм, ба хусус ифротгароӣ ба сӯи Осиёи Марказӣ аз Афғонистон хеле ҷиддӣ аст ва ҳатто аз таърих ва гузашта реша дорад ва муваффақияти мубориза бо терроризм танҳо ба иқдомоти муштарак бастагӣ дорад.
"Мубориза бо ин таҳдиди муштарак барои кишварҳои Осиёи Марказӣ густариши ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ин кишварҳоро тақозо мекунад. Мубориза бо созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ дар сурати муборизаи муштарак ва ҳамоҳанг бо ин падидаи хатарнок муваффақ хоҳад шуд", - гуфт Солеҳӣ
Дар робита ба роҳҳои мубориза бо терроризм, ӯ гуфт, бешубҳа, шеваҳои нави мубориза яке аз ниёзҳои умдаест, ки сохторҳои амниятии кишварҳо мувофиқи сатҳ ва навъи таҳдид аз роҳҳои ҳалли масъала ва чораҳои зиддитеррористӣ истифода мекунанд.
Ба гуфтаи коршинос, танҳо дар сурати андешидани иқдомоти муштарак барои ошкор ва ҷилавгирӣ аз марказҳо ва созмонҳои ифротӣ, пирӯзӣ ба терроризм ва аз байн бурдани иқтидори ҷангии он имконпазир аст.
Эмомали Рахмон участвуют в первой конференции Центральная Азия + Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Раҳмон: Интиқоли ҷангҷӯён аз Ховари Миёна ба Афғонистон барои Осиёи Марказӣ хатар дорад
Бояд гуфт, ки Афғонистон бо чанд кишвари Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад буда, бо Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак дорад. Тоҷикистон ба фарқ аз бархе дигар кишварҳо бо толибон иртибот надорад ва мақомоти ин кишвар дар қиболи ин гуруҳи тундрав изҳороти интиқодӣ кардаанд.
Бисёре аз мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз толибон тақозо кардаанд, ки ба масъалаи мубориза бо терроризм ва муқовимат бо ҳар гуна афзоиш ё паноҳгоҳи гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кунанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати муваққат ҳамеша ҷомеаи ҷаҳониро итминон додааст, ки аз ҷониби Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон таҳдиде вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0