https://sputnik.tj/20221018/rahmon-intiqol-jangjuyon-afghoniston-osiyoi-khatar-1052209204.html
Раҳмон: Интиқоли ҷангҷӯён аз Ховари Миёна ба Афғонистон барои Осиёи Марказӣ хатар дорад
Раҳмон: Интиқоли ҷангҷӯён аз Ховари Миёна ба Афғонистон барои Осиёи Марказӣ хатар дорад
Sputnik Тоҷикистон
Террористони байнулмилалӣ дар Афғонистон, ки аз Ховари Миёна интиқол ёфтаанд, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ доранд
2022-10-18T14:10+0500
2022-10-18T14:10+0500
2022-10-18T14:10+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
афғонистон
ховари миёна
террористон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0e/1052137593_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_51d0411d82754d09b2db0f882490ed81.jpg
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Мавқеи созмонҳои террористӣ дар Афғонистон бо интиқоли ҷангҷӯён аз Ховари Миёна мустаҳкам мешавад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм, ки дар Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, интиқоли ҷангҷӯён ба Афғонистон барои тамоми минтақа хатар дорад.Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки бо вуҷуди фаъолияти назарраси созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ, кишварҳо дар таърифи ин падидаи хатарнок бархӯрди воҳиди истилоҳотӣ ва ҳуқуқӣ надоранд. Раҳмон таъкид кард, то ҳама ҷонибҳои манфиатдор тафсири муфассали терроризм ва ифротгароиро қабул накунанд, ҳамоҳангии талошҳои кишварҳо дар мубориза бо ин падидаҳои зиддиинсонӣ ғайриимкон хоҳад буд. Вай қайд кард, ки дар мубориза бо ин таҳдидҳо бархӯрдҳои муштарак заруранд. Ёдовар мешавем, ки қаблан раиси ситоди муштараки СПАД, генерал-полковник Анатолий Сидоров гуфта буд, ки гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон фаъол шудаанд. Ҳамин тариқ интиқоли қариб 400 ҷангҷӯи "Давлати исломӣ"* ба вилоятҳои шимолии Афғонистон бо ҳадафи анҷоми ҳамлаҳои террористӣ сабт шудааст. *- ташкилоти террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти он дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20221013/putin-hukumat-afghoniston-hal-mushkilot-terrorizm-1052096769.html
афғонистон
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0e/1052137593_231:0:2048:1363_1920x0_80_0_0_72506cd21e7d61bae480709d1224301c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон интиқоли ҷангҷӯён ховари миёна афғонистон осиёи марказӣ
раҳмон интиқоли ҷангҷӯён ховари миёна афғонистон осиёи марказӣ
Раҳмон: Интиқоли ҷангҷӯён аз Ховари Миёна ба Афғонистон барои Осиёи Марказӣ хатар дорад
Террористони байнулмилалӣ дар Афғонистон, ки аз Ховари Миёна интиқол ёфтаанд, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ доранд
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Мавқеи созмонҳои террористӣ дар Афғонистон бо интиқоли ҷангҷӯён аз Ховари Миёна мустаҳкам мешавад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм, ки дар Душанбе ҷараён дорад, изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, интиқоли ҷангҷӯён ба Афғонистон барои тамоми минтақа хатар дорад.
"Дар шароити кунунӣ интиқоли ҷангҷӯёни террористӣ аз Ховари Миёна ба манотиқи дигар ва дар ин робита таҳкими мавқеъҳои созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад", - гуфт президенти Тоҷикистон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки бо вуҷуди фаъолияти назарраси созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ, кишварҳо дар таърифи ин падидаи хатарнок бархӯрди воҳиди истилоҳотӣ ва ҳуқуқӣ надоранд.
Раҳмон таъкид кард, то ҳама ҷонибҳои манфиатдор тафсири муфассали терроризм ва ифротгароиро қабул накунанд, ҳамоҳангии талошҳои кишварҳо дар мубориза бо ин падидаҳои зиддиинсонӣ ғайриимкон хоҳад буд.
Вай қайд кард, ки дар мубориза бо ин таҳдидҳо бархӯрдҳои муштарак заруранд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раиси ситоди муштараки СПАД, генерал-полковник Анатолий Сидоров гуфта буд, ки гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон фаъол шудаанд.
Ҳамин тариқ интиқоли қариб 400 ҷангҷӯи "Давлати исломӣ"* ба вилоятҳои шимолии Афғонистон бо ҳадафи анҷоми ҳамлаҳои террористӣ сабт шудааст.
*- ташкилоти террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти он дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.