https://sputnik.tj/20221021/rahmon-pashinyan-hamkori-tojikiston-armaniston-1052292802.html
Раҳмону Пашинян хостори таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Арманистон шуданд
Раҳмону Пашинян хостори таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Арманистон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Тоҷикистон ва Арманистон бо зикри он, ки ин ду кишварро риштаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайвандад, сатҳи сифатан нави муносиботро муҳим хондаанд
2022-10-21T10:05+0500
2022-10-21T10:05+0500
2022-10-21T10:05+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
никол пашинян
паём
муносибот
равобити дипломатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102693/19/1026931988_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_081378a57276a17abd1c4db5d80ff91d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паём ба сарвазири Арманистон, Никол Пашинян 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишварро шодбош гуфтаст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Пашинян аз ҷараёни инкишофи муносибатҳои дӯстӣ миёни кишварҳо, чӣ дар асоси дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ кардаст. Раҳмон ба Пашинян саломатӣ, дар фаъолияти давлатиааш муваффақиятҳои назаррас ва ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу суботу шукуфоӣ таманно кардааст. Сарвазири Арманистон низ дар паёми шодбошияш ба Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаст, ки тйии се даҳсолаи гузашта муносибатҳои ду кишвар дар асоси устувори анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмии мардумон рушд ёфтаанд."Итминон дорам, ки муносибатҳои кишварҳои мо иқтидори назаррас доранд ва истифодаи комили он имкон медиҳад, ки ҳамкории байнидавлатии Арманистон ва Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав бардошта шаванд", - омадааст дар паёми Пашинян.Вай ба Эмомалӣ Раҳомн саломатии бардавом, саодатмандӣ, муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу кардаст.
https://sputnik.tj/20220913/jalasai-favrii-shuroi-amniyati-spad-darkhosti-armaniston-1051376615.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102693/19/1026931988_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_057d4262b037381708a6b8c7084c28d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
табодул, шодбошӣ, эмомалӣ раҳмон, никол пашинян
табодул, шодбошӣ, эмомалӣ раҳмон, никол пашинян
Раҳмону Пашинян хостори таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Арманистон шуданд
Роҳбарони Тоҷикистон ва Арманистон бо зикри он, ки ин ду кишварро риштаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайвандад, сатҳи сифатан нави муносиботро муҳим хондаанд
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паём ба сарвазири Арманистон, Никол Пашинян 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишварро шодбош гуфтаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Пашинян аз ҷараёни инкишофи муносибатҳои дӯстӣ миёни кишварҳо, чӣ дар асоси дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ кардаст.
"Алоқаманди густариши рӯзафзун ва тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо Арманистон, ки бо он моро риштаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайванданд, ҳастем", - омадааст дар паём.
Раҳмон ба Пашинян саломатӣ, дар фаъолияти давлатиааш муваффақиятҳои назаррас ва ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу суботу шукуфоӣ таманно кардааст.
Сарвазири Арманистон низ дар паёми шодбошияш ба Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаст, ки тйии се даҳсолаи гузашта муносибатҳои ду кишвар дар асоси устувори анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмии мардумон рушд ёфтаанд.
"Итминон дорам, ки муносибатҳои кишварҳои мо иқтидори назаррас доранд ва истифодаи комили он имкон медиҳад, ки ҳамкории байнидавлатии Арманистон ва Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав бардошта шаванд", - омадааст дар паёми Пашинян.
Вай ба Эмомалӣ Раҳомн саломатии бардавом, саодатмандӣ, муваффақият ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу кардаст.