https://sputnik.tj/20220913/jalasai-favrii-shuroi-amniyati-spad-darkhosti-armaniston-1051376615.html
Ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД бо дархости Арманистон
Ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД бо дархости Арманистон
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ тасмими баргузории ҷаласа дорад, ки қарор аст раисҷумҳури Тоҷикистон дар он ширкат кунад
2022-09-13T20:30+0500
2022-09-13T20:30+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
спад
арманистон
маҷлис
иштирок
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102384/12/1023841286_0:0:2201:1239_1920x0_80_0_0_f01bd15c4fc0f6cee3a404f1c796bdcd.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД бо дархости Арманистон шоми сешанбеи 13 сентябр баргузор мегардад, иттилоъ додааст ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков.Вай таъкид кард, ки дархости Арманистон бинобар ташануҷи вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷон ироа шудаааст.Ҳамчунин ёвари раисҷумҳури Русия қайд кард, ки гуфтугӯҳо пушти дарҳои баста сурат мегиранд.Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, дар ин ҷаласа сарони кишварҳои узви СПАД ширкат хоҳанд кард. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъйид кард, ки ҷонибашон дар ин ҷаласа иштирок хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар марзи Арманистону Озарбойҷон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Ҷонибҳо якдигарро ба ташаннуҷ вазъ муттаҳам карданд.Ереван изҳор дошт, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карданд.Минтақаҳои сархаддии — вилоятҳои Гегаркуник, Вайотс-Дзор, Суник (Арманистонро бо Эрон мепайвандад) тирборон шуданд. Ин минтақаҳо ба Қарабоғ рабте надоранд. Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз гулӯла шилик кардаанд ва ба ҳамин хотир даргирӣ рух додааст. Вазорати хориҷаи Озарбойҷон Арманистонро муттаҳам кард, ки қасд дорад ба раванди сулҳ монеъ шавад. Ҳарду ҷониб дар бораи талафот миёни низомиёни худ хабар доданд.Субҳ тарафҳо дар бораи оташбас ба мувофиқа расиданд. Тавре раиси Кумитаи байнулмилалии Шӯрои Русия Григорий Карасин ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, оташбас дар марзи Арманистону Озарбойҷон ба шарофати талошҳои Русия, аз ҷумла баъд аз сӯҳбати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ба даст омадааст.Ба гуфтаи сенатори рус, азбаски Ереван ба СПАД муроҷиат кардааст, бояд корҳои зиёдеро анҷом дод.
https://sputnik.tj/20220913/spad-istifodai-qudrat-marzi-armaniston-ozarboyjoyn-1051372022.html
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102384/12/1023841286_0:0:1959:1469_1920x0_80_0_0_319801841b0a993c761a90c43b33350b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, спад, ҷаласа, шӯрои амнияти дастаҷамъи, раисҷумҳур, дархост, арманистон, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, спад, ҷаласа, шӯрои амнияти дастаҷамъи, раисҷумҳур, дархост, арманистон, эмомалӣ раҳмон
Ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД бо дархости Арманистон
20:30 13.09.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ тасмими баргузории ҷаласа дорад, ки қарор аст раисҷумҳури Тоҷикистон дар он ширкат кунад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД бо дархости Арманистон шоми сешанбеи 13 сентябр баргузор мегардад, иттилоъ додааст ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков.
“Бо дархости ҷониби Арманистон имрӯз соати тақриба 18:30, ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии СПАД дар шакли маҷозӣ баргузор мегардад”, иттилоъ додааст оқои Ушаков.
Вай таъкид кард, ки дархости Арманистон бинобар ташануҷи вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷон ироа шудаааст.
Ҳамчунин ёвари раисҷумҳури Русия қайд кард, ки гуфтугӯҳо пушти дарҳои баста сурат мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, дар ин ҷаласа сарони кишварҳои узви СПАД ширкат хоҳанд кард. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон таъйид кард, ки ҷонибашон дар ин ҷаласа иштирок хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар марзи Арманистону Озарбойҷон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Ҷонибҳо якдигарро ба ташаннуҷ вазъ муттаҳам карданд.
Ереван изҳор дошт, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карданд.
Минтақаҳои сархаддии — вилоятҳои Гегаркуник, Вайотс-Дзор, Суник (Арманистонро бо Эрон мепайвандад) тирборон шуданд. Ин минтақаҳо ба Қарабоғ рабте надоранд. Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз гулӯла шилик кардаанд ва ба ҳамин хотир даргирӣ рух додааст. Вазорати хориҷаи Озарбойҷон Арманистонро муттаҳам кард, ки қасд дорад ба раванди сулҳ монеъ шавад. Ҳарду ҷониб дар бораи талафот миёни низомиёни худ хабар доданд.
Субҳ тарафҳо дар бораи оташбас ба мувофиқа расиданд. Тавре раиси Кумитаи байнулмилалии Шӯрои Русия Григорий Карасин ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, оташбас дар марзи Арманистону Озарбойҷон ба шарофати талошҳои Русия, аз ҷумла баъд аз сӯҳбати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Никол Пашинян, сарвазири Арманистон ба даст омадааст.
Ба гуфтаи сенатори рус, азбаски Ереван ба СПАД муроҷиат кардааст, бояд корҳои зиёдеро анҷом дод.