Шарҳи Песков дар мавриди замони анҷоми басиҷи нисбӣ

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2022
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русияро дар мавриди замони анҷоми сафарбарсозии нисбии нерӯҳои захиравӣ, ки давоми як моҳи охир давом дорад, суол карданд
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар масъалаи анҷоми муҳлати сафарбаркунии қисмӣ дар Русия бояд ба суханони президенти ФР, Владимир Путин такя кард, ки вақти тақрибиро баён дошта буд.
Сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков зикр намуд, ки Путин аз анҷоми басиҷи нисбӣ дар давоми ду ҳафта гуфта буд ва ягон санаи дақиқи дигар вуҷуд надорад.
"Ман метавонам суханони президентро дар бораи мӯҳлатҳои тахминии анҷоми сафарбаркунӣ хотиррасон кунам, ки президент дар Остона ҳангоми сӯҳбат бо матбуот гуфт. Санаи дақиқи дигар вуҷуд надорад", - изҳор дошт Песков.
Путин рӯзи 14 октябр дар шаҳри Остона изҳор дошта буд, ки эҳтимол басиҷи нисбӣ ҳудуди 2 ҳафтаи дигар тӯл кашад. Вай таъкид намуда буд, ки аз 300 ҳазори эълонкардаи Вазорати мудофиаи Русия, аллакай беш аз 220 ҳазор нафараш ҷалб гардидаанд.
Ӯ афзуд, ки дар мавриди афзоиши теъдоди сафарбаршавандаҳо дар Русия аз Вазорати мудофиаи кишвар дархосте нагирифтааст.
Путин осмотрел снаряжение и форму мобилизованных в Рязанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин шахсан шароити омодасозии сафарбаршудаҳоро санҷид - видео
Маврид ба зикр аст, ки бо фармони президенти Русия аз 21 сентябри соли равон дар Русия басиҷи нисбӣ эълон шуд. Ба гуфтаи вазири дифоъ, Сергей Шойгу ин иқдом барои назорати 1000-километри хати баҳамоӣ дар манотиқи озодшуда дар Украина лозим аст.
Шумораи даъватшавандаҳо ҳамагӣ ҳудуди як дарсад аз зарфияти нерӯҳои захиравии Русия арзёбӣ шудаст.
Лентаи хабарҳо
0