Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин шахсан шароити омодасозии сафарбаршудаҳоро санҷид - видео

Обуна шудан
Президенти Федератсияи Русия ба тамрингоҳи вилояти Рязан рафта, шахсан тафтиш кард, ки сафарбаршудаҳо ба малиёт чӣ гуна омода мешаванд
Владимир Путин, бо шароити омодасозӣ, буду боши сафарбаршудаҳо ошно шуда, тайёрии тактикӣ, муҳандисӣ ва тиббиро аз назар гузаронд.
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба Владимир Путин дар бораи омӯзиши сафарбаршудаҳо аз рӯи ихтисосҳои гуногуни низомӣ дар ҳайати воҳидҳо хабар дод.
Қаблан президенти Русия Владимир Путин гуфта буд, ки аз 300 ҳазор нафари пешбинишуда аллакай 222 ҳазор нафар сафарбар карда шуда, аз ҷониби Вазорати дифои Русия барои афзоиши шумораи даъватшавандаҳо пешниҳоде ироа нагардидааст.
Собянин анҷоми басиҷ дар Маскавро эълон кард
Маврид ба зикр аст, ки бо фармони президенти Русия аз 21 сентябри соли равон дар Русия басиҷи нисбӣ эълон шуд. Ба гуфтаи вазири дифоъ, Сергей Шойгу ин иқдом барои назорати 1000-километри хати баҳамоӣ дар манотиқи озодшуда дар Украина лозим аст.
Шумораи даъватшавандаҳо ҳамагӣ ҳудуди як дарсад аз зарфияти нерӯҳои захиравии Русия арзёбӣ шудаст.
Лентаи хабарҳо
0