https://sputnik.tj/20221021/khadamot-marzboni-tojikiston-qirghiziston-izhorot-1052350557.html
Сарони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон изҳороти муштарак доданд: чӣ гуфтанд?
Сарони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон изҳороти муштарак доданд: чӣ гуфтанд?
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои марзбонӣ аз расонаҳо ва ашхоси алоҳи даъват кардаанд, ки аз ҳар гуна шарҳу эзоҳ, ки боиси авҷ гирифтани низоъ мешаванд, комилан худдорӣ кунанд
2022-10-21T20:04+0500
2022-10-21T20:04+0500
2022-10-21T20:39+0500
дар тоҷикистон
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
сарҳад
сиёсат
гуфтушунид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:124:2836:1719_1920x0_80_0_0_fc7d649b7045be017a5dd051198e3618.jpg
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тоҷиикстон ва Қирғизистон мегӯянд, ки дар пайи талошҳои муштараки ҷонибҳо вазъ дар сарҳади давлатии кишварҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора раҳбарои Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳамтои қирғизи ӯ Уларбек Шаршеев изҳороти муштарак доданд. Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Тоҷикистон, онҳо имрӯз бо мақсади таҳкими тавофуқоти ҳосилшуда ба хотири пешгирӣ аз иғвои эҳтимолӣ дар марз мулоқот карданд. Ҷонибҳо дар гуфтугӯ, зарурати пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ барои паст кардани шиддати вазъ дар марз, риояи қатъии хатти рафтори марзбонони ду кишварро таъкид карданд. Ҷонибҳо фаъолияти комиссияи байнидавлатии пешгирии ҳодисаҳоро арзёбӣ намуда, ба ҳалли осоиштаи мушкилоти мавҷудаи сарҳадӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаfyl. Сарони хадамот ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории муштаракро, ки дар ба эътидол овардани вазъ дар марз фаъолона ширкат доранд, мунтазам баргузор кунанд. "Хадамоти сарҳадӣ эълом мекунанд, ки тасмим дар мавриди таъйини сарҳади давлатӣ салоҳияти комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад мебошад, ки салоҳияти онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад", — омадааст дар изщорот. Сарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон аз расонаҳо ва афроди алоҳида даъват кардаанд, ки аз ҳар гуна шарҳу эзоҳ қотеъона худдорӣ кунанд ва ба баёнияву тафсири ҳодисаҳое, ки метавонанд боиси авҷ гирифтани низоъ ва барангехтани хусумат шаванд, роҳ надиҳанд. "Тарафҳо ҳама гуна изҳороти беиҷозатро кӯшиши ноором кардани вазъ дар марзи ду кишвар арзёбӣ мекунанд", - омадааст дар изҳорот.
https://sputnik.tj/20221021/toshiev-bahs-marzi-tojikiston-qirghiziston-1052331918.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/1d/1040510902_0:0:2516:1887_1920x0_80_0_0_c19de0528c7e8c04c05dd842c0a49748.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хадамот марзбонӣ тоҷикистон қирғизистон изҳорот
хадамот марзбонӣ тоҷикистон қирғизистон изҳорот
Сарони хадамоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон изҳороти муштарак доданд: чӣ гуфтанд?
20:04 21.10.2022 (Навсозишуда: 20:39 21.10.2022) Нерӯҳои марзбонӣ аз расонаҳо ва ашхоси алоҳи даъват кардаанд, ки аз ҳар гуна шарҳу эзоҳ, ки боиси авҷ гирифтани низоъ мешаванд, комилан худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тоҷиикстон ва Қирғизистон мегӯянд, ки дар пайи талошҳои муштараки ҷонибҳо вазъ дар сарҳади давлатии кишварҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Дар ин бора раҳбарои Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва ҳамтои қирғизи ӯ Уларбек Шаршеев изҳороти муштарак доданд.
Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Тоҷикистон, онҳо имрӯз бо мақсади таҳкими тавофуқоти ҳосилшуда ба хотири пешгирӣ аз иғвои эҳтимолӣ дар марз мулоқот карданд.
Ҷонибҳо дар гуфтугӯ, зарурати пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ барои паст кардани шиддати вазъ дар марз, риояи қатъии хатти рафтори марзбонони ду кишварро таъкид карданд.
"Уҳдадории қатъӣ ба принсипҳои эҳтироми мутақобила, ҳамзистии осоишта, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамбастагӣ дар масъалаҳои тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳо тасдиқ карда шуд",- мегӯяд Хадамоти марзбонӣ.
Ҷонибҳо фаъолияти комиссияи байнидавлатии пешгирии ҳодисаҳоро арзёбӣ намуда, ба ҳалли осоиштаи мушкилоти мавҷудаи сарҳадӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардаfyl.
Сарони хадамот ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории муштаракро, ки дар ба эътидол овардани вазъ дар марз фаъолона ширкат доранд, мунтазам баргузор кунанд.
"Хадамоти сарҳадӣ эълом мекунанд, ки тасмим дар мавриди таъйини сарҳади давлатӣ салоҳияти комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад мебошад, ки салоҳияти онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешавад", — омадааст дар изщорот.
Сарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон аз расонаҳо ва афроди алоҳида даъват кардаанд, ки аз ҳар гуна шарҳу эзоҳ қотеъона худдорӣ кунанд ва ба баёнияву тафсири ҳодисаҳое, ки метавонанд боиси авҷ гирифтани низоъ ва барангехтани хусумат шаванд, роҳ надиҳанд.
"Тарафҳо ҳама гуна изҳороти беиҷозатро кӯшиши ноором кардани вазъ дар марзи ду кишвар арзёбӣ мекунанд", - омадааст дар изҳорот.