Харобиҳои боронҳои зиёд ва сел дар ВМКБ

CC0 / Natalia Kollegova / Сход селей
Сход селей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон дар водиҳо борони шадид ва дар кӯҳҳо барф борид, ки боиси зери об мондани биноҳои истиқоматӣ ва баста шудани роҳ гардид
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар вилояти Куҳистони Бадахшон боришоти зиёд ба амал омад.
Бар асари бад шудани обу ҳаво дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ селфароӣ сабт шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Аз ҷумла, об ҳавлии як сокини маҳаллӣ дар кӯчаи Набиевро пур карда, ба таҳхонаи он низ ҷорӣ шуд.
Барои рафъи паёмадҳо гуруҳи навбатдори наҷотдиҳандагони КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, хисоротро бартараф кардаанд.
Барфрӯбӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
IRS: 6 километри роҳи Душанбе - Хуҷандро барф фаро гирифтааст
Дар бораи талафот ва хисороти дигар гузориш дода нашудааст.
Ҳамчунон дар километри 322-юми шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҳудуди деҳаи Шикеви ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ убур мекунад, боришоти шадид боиси фаромадани сел гардид.
Дар натиҷаи омадани сел роҳ баста шуд. Бо талоши кормандони Вазорати нақлиёт ва ҷалби техника оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шуда ва соати 19:00 роҳ кушода шуд.
Дар робита ба ин, КҲФ аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ба ҳушдор ва тавсияҳои наҷотдиҳандагон ва обуҳавошиносон гӯш диҳанд, то ҳодисаҳои нохуш рӯй надиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0