https://sputnik.tj/20221019/irs-kilometr-dushanbe-khujand-1052251857.html
IRS: 6 километри роҳи Душанбе - Хуҷандро барф фаро гирифтааст
IRS: 6 километри роҳи Душанбе - Хуҷандро барф фаро гирифтааст
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати роҳбони IRS, ки ба нигоҳдорию пулҷамъкунӣ дар масири Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои муваққатӣ дар ин масир иттилоъ дод
2022-10-19T12:50+0500
2022-10-19T12:50+0500
2022-10-19T12:51+0500
дар тоҷикистон
барф
нақлиёт
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/13/1052251649_0:137:723:544_1920x0_80_0_0_738c36332bd73f7a8caac6f5211b2784.jpg
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Боришот шабона дар масири Душанбе - Чаноқ идома ёфта, дар километрҳои 154 - 160 баландии барф зиёд гардид.Дар ин бора ширкати роҳбони IRS, ки ба нигоҳдорию пулҷамъкунӣ дар масири Душанбе - Чаноқ машғул аст, иттилоъ дод. Таъкид шудаст, ки кормандони ширкат аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд, то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад ва ин кор аз субҳи барвақт давом дорад.Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳавошиносон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз номусоид омадани бодуҳаво дар ҷумҳурӣ ҳушдор дода буданд. Мақомот таъкид намуданд, ки аз 18-ум то 20-уми октябри соли равон дар қаламрави Тоҷикистон шамолҳои сахт, борон дар водиҳо ва дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ҳамчунин сард шудани қисмати болоии хок дар назар аст.КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш кард, барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд.Ҳамчунин маслиҳат дода шуд, ки давоми ин рӯзҳо аз корҳои саҳроию чоровопарварӣ ҳадди имкон худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20220412/irs-tamir-pul-roh-dushanbe-chanoq-1047577737.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/13/1052251649_0:70:723:612_1920x0_80_0_0_fb71472e0655f46c2c17ecfa2fc6fc72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барфрезӣ, душанбе, чаноқ
IRS: 6 километри роҳи Душанбе - Хуҷандро барф фаро гирифтааст
12:50 19.10.2022 (Навсозишуда: 12:51 19.10.2022) Ширкати роҳбони IRS, ки ба нигоҳдорию пулҷамъкунӣ дар масири Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои муваққатӣ дар ин самт иттилоъ дод
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Боришот шабона дар масири Душанбе - Чаноқ идома ёфта, дар километрҳои 154 - 160 баландии барф зиёд гардид.
Дар ин бора ширкати роҳбони IRS, ки ба нигоҳдорию пулҷамъкунӣ дар масири Душанбе - Чаноқ машғул аст, иттилоъ дод.
Таъкид шудаст, ки кормандони ширкат аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд, то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад ва ин кор аз субҳи барвақт давом дорад.
"Бо мақсади ба амал наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт баъзан маҳдудият ҷорӣ гардид ва аз ронандагону мусофирон хоҳишмандем, ки моҳияти онро дарк намоянд", - омадааст дар иттилоияи IRS.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ҳавошиносон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз номусоид омадани бодуҳаво дар ҷумҳурӣ ҳушдор дода буданд.
Мақомот таъкид намуданд, ки аз 18-ум то 20-уми октябри соли равон дар қаламрави Тоҷикистон шамолҳои сахт, борон дар водиҳо ва дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, ҳамчунин сард шудани қисмати болоии хок дар назар аст.
КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш кард, барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда шитоб кунанд, то сардиҳо ба маҳсулоти ҳанӯз дар заминҳо хобидаи кишоварзӣ таъсир нарасонанд.
Ҳамчунин маслиҳат дода шуд, ки давоми ин рӯзҳо аз корҳои саҳроию чоровопарварӣ ҳадди имкон худдорӣ намоянд.