https://sputnik.tj/20221020/tartib-pushtiboni-mufti-krganov-taftishi-muhojir-rusiya-1052279127.html
Пуштибонии муфтии Маскав аз санҷиши муҳоҷирон дар Русия
Пуштибонии муфтии Маскав аз санҷиши муҳоҷирон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Мусулмонони Русия аз ташаббуси Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Русия барои барқарории тартибот дар миёни муҳоҷирон пуштибонӣ мекунанд
2022-10-20T16:06+0500
2022-10-20T16:06+0500
2023-02-08T19:45+0500
муҳоҷират
албир крганов
санҷиш
қонун
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/14/1052275406_107:208:2698:1666_1920x0_80_0_0_ca3169ee74dfe9fa31bfcda341adf493.jpg
ДУШАНБЕ, 20 октябрь — Sputnik. Миёни муҳоҷирон нофаҳмиҳои ҷузъӣ зиёд аст, гуфт муфтии Маскав Албир Крганов.Ба ин далел, мусулмонони кишвар аз ташаббуси дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев дар бораи тадбирҳои густурда оид ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар маҳалҳое, ки муҳоҷирон ба таври дастаҷамъӣ ба сар мебаранд, дастгирӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, бархе барои дарёфти пули ҳалол, бархеи дигар барои таҳсил, табобат ба Русия меоянд, аммо афроде ҳастанд, ки “ба осонӣ қонуни Федератсияи Русияро нақз мекунанд”. "Ин ҷоиз аст, қонун бояд барои ҳама як бошад", - гуфт муфтӣ. Албир Крганов афзуд, мушкили муҳоҷиронро бояд тамоми ҷомеаи Русия ҳал кунад ва созмонҳои ҷамъиятӣ ва динӣ муваззафанд дар ин кор ба давлат кумак кунанд. "Мо бояд аз як сӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз ва сабти номи кишварро дастгирӣ кунем ва аз ҷониби дигар ба муҳоҷирон дар ҳамгироӣ ва иҷтимоӣ шудани онҳо дар ҷомеаи Русия кумак кунем", - қайд кард руҳонӣ. Мавсуф ёдовар шуд, ки имрӯз дар кишвар лоиҳаи "Росмигрант" амал мекунад, ки баарои кор бо меҳмонон аз кишварҳои дигар нигаронида шудааст. Намояндагони ин лоиҳа ба шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани патент барои кор, омӯхтани забони русӣ ва пайдо кардани ҷои кор кумак мекунанд. "Бо бархурди дуруст бо муҳоҷирон, тавре таҷрибаи мо нишон медиҳад, метавон натиҷаҳои мусбат ба даст овард", - хулоса кард ӯ.
https://sputnik.tj/20221020/muhojironro-rusiya-sanjish-jiddi-1052270102.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/14/1052275406_11:0:2742:2048_1920x0_80_0_0_c059d28e6768cfec7d7fc49dfe628ba8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пуштибонӣ муфтӣ маскав санҷиш муҳоҷирон русия
пуштибонӣ муфтӣ маскав санҷиш муҳоҷирон русия
Пуштибонии муфтии Маскав аз санҷиши муҳоҷирон дар Русия
16:06 20.10.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Мусулмонони Русия аз ташаббуси Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Русия барои барқарории тартибот дар миёни муҳоҷирон пуштибонӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 октябрь — Sputnik. Миёни муҳоҷирон нофаҳмиҳои ҷузъӣ зиёд аст, гуфт муфтии Маскав Албир Крганов.
Ба ин далел, мусулмонони кишвар аз ташаббуси дабири Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушев дар бораи тадбирҳои густурда оид ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ дар маҳалҳое, ки муҳоҷирон ба таври дастаҷамъӣ ба сар мебаранд, дастгирӣ мекунанд.
"Ҳеҷ чизи пинҳон кардан нест - нофаҳмиҳои ҷузъӣ ҳанӯз зиёд аст. Ин нақзи низоми бақайдгирӣ, сарпечӣ аз пардохти андоз, роҳҳои пинҳони интиқоли пул, фиреби корфармоёни бевиҷдон ва бисёр чизҳои дигар аст", - қайд кард Крганов.
Албир Крганов
муфтии Маскав
Ба гуфтаи ӯ, бархе барои дарёфти пули ҳалол, бархеи дигар барои таҳсил, табобат ба Русия меоянд, аммо афроде ҳастанд, ки “ба осонӣ қонуни Федератсияи Русияро нақз мекунанд”.
"Ин ҷоиз аст, қонун бояд барои ҳама як бошад", - гуфт муфтӣ.
Албир Крганов афзуд, мушкили муҳоҷиронро бояд тамоми ҷомеаи Русия ҳал кунад ва созмонҳои ҷамъиятӣ ва динӣ муваззафанд дар ин кор ба давлат кумак кунанд.
"Мо бояд аз як сӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз ва сабти номи кишварро дастгирӣ кунем ва аз ҷониби дигар ба муҳоҷирон дар ҳамгироӣ ва иҷтимоӣ шудани онҳо дар ҷомеаи Русия кумак кунем", - қайд кард руҳонӣ.
Мавсуф ёдовар шуд, ки имрӯз дар кишвар лоиҳаи "Росмигрант" амал мекунад, ки баарои кор бо меҳмонон аз кишварҳои дигар нигаронида шудааст.
Намояндагони ин лоиҳа ба шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани патент барои кор, омӯхтани забони русӣ ва пайдо кардани ҷои кор кумак мекунанд.
"Бо бархурди дуруст бо муҳоҷирон, тавре таҷрибаи мо нишон медиҳад, метавон натиҷаҳои мусбат ба даст овард", - хулоса кард ӯ.