Муҳоҷиронро дар Русия санҷишҳои ҷиддӣ интизор аст

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкТаджикский мигрант в аэропорту
Таджикский мигрант в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Обуна шудан
Тадбирҳои васеъмиқёси ҳифзи ҳуқуқ дар анклавҳои муҳоҷирон ва маҳалли зисти онҳо ба зудӣ дар саросари кишвар сурат хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Шӯрои Амнияти Русия тасмим гирифтааст, ки барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар байни муҳоҷирон тадбирҳои густурда баргузор кунад.
Дар ин бора Николай Патрушев, дабири Шӯрои амният изҳор дошт.
"Барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷойҳое, ки муҳоҷирон ба таври дастаҷамъӣ зиндагӣ мекунанд, тадбирҳои васеъмиқёси пешбинишуда андешида шудаанд", - гуфт котиби Шӯрои амният.
Вай тавзеҳ дод, ки тағйироти қонунӣ барои пурзӯр кардани назорати муҳоҷират ва масъулияти шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои будубош пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ташхиси ҳузури қонунӣ дар ин кишвар дар саросари Русия сурат мегирад.
Президент РФ В. Путин провел встречу с президентом Индонезии Дж. Видодо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Путин: Сиёсати муҳоҷиратро бояд тағйир дод
Патрушев қайд кард, ки ҳоло зарурати мушаххас кардани вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират ба миён омадааст.
Ҳамчунин ба ҳукумати Русия, вазорату идораҳои манфиатдор, ба намояндагони ваколатдори Президенти Федератсияи Русия дар ҳавзаҳои федералӣ ва роҳбарони вилоятҳои Русия супоришҳои дигар дода шуданд.
То ин вақт дар Федератсияи Русия ба мутобиқсозии иҷтимоӣ ва фарҳангии хориҷиён, ба таълими кӯдакони муҳоҷир аз рӯи барномаҳои таълимии умумии Русия таваҷҷӯҳи зиёд дода мешуд.
Лентаи хабарҳо
0