https://sputnik.tj/20221020/sholts-olmon-makron-khashm-1052275621.html
ВАО: Қарори Шолтс дар бораи наҷоти Олмон Макронро ба хашм овард
ВАО: Қарори Шолтс дар бораи наҷоти Олмон Макронро ба хашм овард
Sputnik Тоҷикистон
"Хашм" - и сиёсатмадори фаронсавӣ ба ҳадде расида, ки роҳбари Фаронса, ҳатто вохӯрии пешбинишударо бо ҳамтои олмонии худ лағв кардааст
2022-10-20T13:40+0500
2022-10-20T13:40+0500
2022-10-20T13:52+0500
олаф шолтс
эммануэл макрон
аврупо
сиёсат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/01/1050393213_0:53:512:341_1920x0_80_0_0_76ee43ff117c3cbe8599dda59ae80c64.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз тасмими садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дар бораи ҷудо кардани миллиардҳо евро барои дастгирии энержии миллӣ хашмгин шуд, менависад The Telegraph."Порис аз роҳандозии тарҳи кумаки энержии дохилӣ ба маблағи 200 миллиард евро ба Олмон бидуни машварати пешакӣ бо шарики наздиктаринаш дар Иттиҳодияи Аврупо ва бартарӣ додан ба аслиҳаи Амрико хашмгин аст", - омадааст дар хабарнома. Роҳбари Фаронса, ҳатто вохӯрии пешбинишударо бо ҳамтои олмонии худ лағв кард, менависад расона.Сухангӯи Шолтс, ки нашрия ба ӯ истинод мекунад, иқрор шуд, ки "дар як қатор масъалаҳо Порис ва Берлин мавқеи ягона пайдо карда наметавонанд". "Фаронсавиҳо аз олмониҳо, бахусус аз Шолтс хеле хашмгинанд. Онҳо дар ин бора ошкоро ҳарф намезананд, аммо дар танҳоӣ хашмгин мешаванд", - навиштааст The Telegraph аз қавли як манбаъ дар доираҳои дипломатӣ. Пештар Макрон гуфта буд, ки тасмими Олмон дар бораи ҷудо кардани 200 миллиард евро барои ҳифзи тиҷорат ва истеъмолкунандагонаш аз афзоиши қимати нерӯи барқ метавонад боиси "таҳрифҳо" дар ИА шавад. Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина, кишварҳои ғарбӣ фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш доданд, аммо ин боиси афзоиши қимати сӯзишворӣ ва таваррум дар худи Амрико ва Аврупо шуд. ВАО: Шолтс ва Макрон барои Путин то "ҷанҷол" меравандТавре президенти Русия, Владимир Путин таъкид кардааст, сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия як стратегияи дарозмуддат барои Ғарб аст, аммо таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи сахт заданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии ИМА ва иттифоқчиёнаш бадтар кардани зиндагии миллионҳо одамон аст.
https://sputnik.tj/20220627/moneaguzor-sholts-jalasa-g20-rusiya-1049534655.html
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/01/1050393213_35:0:490:341_1920x0_80_0_0_5dbb4f1528cff60fd64c3e26537df8c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
макрон, сиёсат, олмон, фаронса, шолтс
макрон, сиёсат, олмон, фаронса, шолтс
ВАО: Қарори Шолтс дар бораи наҷоти Олмон Макронро ба хашм овард
13:40 20.10.2022 (Навсозишуда: 13:52 20.10.2022) "Хашм" - и сиёсатмадори фаронсавӣ ба ҳадде расида, ки роҳбари Фаронса, ҳатто вохӯрии пешбинишударо бо ҳамтои олмонии худ лағв кардааст
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон аз тасмими садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дар бораи ҷудо кардани миллиардҳо евро барои дастгирии энержии миллӣ хашмгин шуд, менависад The Telegraph.
"Порис аз роҳандозии тарҳи кумаки энержии дохилӣ ба маблағи 200 миллиард евро ба Олмон бидуни машварати пешакӣ бо шарики наздиктаринаш дар Иттиҳодияи Аврупо ва бартарӣ додан ба аслиҳаи Амрико хашмгин аст", - омадааст дар хабарнома.
Роҳбари Фаронса, ҳатто вохӯрии пешбинишударо бо ҳамтои олмонии худ лағв кард, менависад расона.
"Тасмими ба таъхир андохтани машваратҳои анъанавии ҳукуматӣ аз норизоии афзояндаи байни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва низомӣ шаҳодат медиҳад", қайд кардааст муаллиф Генри Сэмюэл.
Сухангӯи Шолтс, ки нашрия ба ӯ истинод мекунад, иқрор шуд, ки "дар як қатор масъалаҳо Порис ва Берлин мавқеи ягона пайдо карда наметавонанд".
"Фаронсавиҳо аз олмониҳо, бахусус аз Шолтс хеле хашмгинанд. Онҳо дар ин бора ошкоро ҳарф намезананд, аммо дар танҳоӣ хашмгин мешаванд", - навиштааст The Telegraph аз қавли як манбаъ дар доираҳои дипломатӣ.
Пештар Макрон гуфта буд, ки тасмими Олмон дар бораи ҷудо кардани 200 миллиард евро барои ҳифзи тиҷорат ва истеъмолкунандагонаш аз афзоиши қимати нерӯи барқ метавонад боиси "таҳрифҳо" дар ИА шавад.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина, кишварҳои ғарбӣ фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш доданд, аммо ин боиси афзоиши қимати сӯзишворӣ ва таваррум дар худи Амрико ва Аврупо шуд.
Тавре президенти Русия, Владимир Путин таъкид кардааст, сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия як стратегияи дарозмуддат барои Ғарб аст, аммо таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи сахт заданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии ИМА ва иттифоқчиёнаш бадтар кардани зиндагии миллионҳо одамон аст.