Разведкаи Тоҷикистон: террористҳо дар наздикии сарҳад ҳавопаймоҳои бесарнишин доранд

© Sputnik / Алексей ДаничевБеспилотный летательный аппарат (БПЛА)
Беспилотный летательный аппарат (БПЛА) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Обуна шудан
Муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар бахши разведка аз вуҷуди силоҳи вазнин ва ҳатто ҳавопаймоҳои бесарнишин дар дасти террористҳо гуфт
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Вазъият дар музофотҳои шимолу шарқи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, мураккаб буда, дар оянда боз шиддати бештар хоҳад гирифт.
Ин нуктаро ноиби фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар умури ихтиборот, Кишваршо Хушвахт зимни конфронси зиддитеррористӣ дар Душанбе баён дошт.
Кишваршо Хушвахт аз ҷумла шиддати авзоъ музофотҳои Тахор, Бадахшон ва Балхро таъкид намуд.
Вай афзуд, ки созмонҳои террористӣ дар Афғонистон фаъол шуда, феълан ҳудуди 40 пойгоҳу урдугоҳҳои гуруҳҳои террористӣ дар ин кишвар фаъолият дорад.
"Ба асоси маълумоти дастрас, аз кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати созмонҳои террористӣ беш аз 5 ҳазор нафар қарор доранд", - афзуд мақомдори тоҷик.
Ӯ мояи нигаронӣ хонд, ки гуруҳҳои террористӣ силоҳи вазнин ва ҳатто ҳавопаймоҳои бесарнишин доранд, ки аз артиши ҳукумати пешина ба ғанимат гирифтаанд.
Кишваршо Хушвахт бо зикри он, ки ин маълумот дастраси созмонҳою бархе аз сафоратҳо шудааст, зарурати таҳкими ҳифзи марз бо Афғонистонро таъкид намуд. Дар ин самт саҳмгузорӣ таъминоти моддию техникӣ ва тайёр намудани кадрҳои соҳаро муҳим хонд.
Таджикистан-Афганистан граница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
"Мо танҳо наметавонем": Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ силоҳҳои замонавӣ ва бесарнишин хост
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистону Афғонистонро ҳудуди 1400 километр марзи муштарак мепайвандад, ки ҳудуди 60%-и сарҳадоти кишварҳои Осиёи Миёна бо ин ҷумҳурии исломиро ташкил медиҳад. Қисми зиёди сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аз мавзеъҳои мураккаби ҷуғрофӣ мегузарад.
Лентаи хабарҳо
0